Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "чулочка" то "химзавод"-и Низомхон Ҷӯраев


Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев ба бархе аз иттиҳомоте, ки ба ӯ ворид шудааст, иқрор кардааст, аммо ҳамчунон баррасии парванда идома дорад.

Низомхон Ҷӯраев, молики як силсила корхонаҳои саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон ва аз ҷумла раиси корхонаи кимиё ва спирти Исфара, бо дархости мақомоти Душанбе дар як соли пеш дар Маскав боздошт шуд.

Аммо мақомоти Русия ва додгоҳи Аврупо ба истирдоди ӯ ба Тоҷикистон мувофиқат накарданд. Дар аввали моҳи апрел, вакили дифои ӯ хабар дод, ки Низомхон Ҷӯраев баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ нопадид шудааст. Баъд аз ҳафта Низомхон Ҷӯраев дар телевизони Тоҷикистон зоҳир шуд ва гуфт, ки ӯ ихтиёран ба Душанбе баргашта ва худро таслими мақомот кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ҳақиқат гуноҳи худро, ки нагуфт кадом гуноҳ аст, бар дӯш мегирад.

Қазияи Низомхон Ҷӯраев, ки бо номи «парвандаи исфарагиҳо» баъдан машҳур шуд, пурсарусадотарин парвандаи чанд соли охир будааст. Ва то ин, ки муттаҳами аслии ин парванда - Низомхон Ҷӯраев ба гири мақомоти интизомии Тоҷикистон биуфтад, 31 нафар дар асоси ин қазия аз сӯи додгоҳи Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуданд.

Низомхон Ҷӯраев ва ҳамроҳони ӯ, дар ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ, ҷумла тақаллуби аснод, саркашӣ аз пардохти андоз, расмӣ кардани маблағҳои ғайриқонунӣ, аз худ кардани амволи давлатӣ ва даст доштан дар куштор муттаҳам мешаванд. Аммо қазия бо чӣ оғоз шуд?

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ
Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ
Абдуқаюм Юсуфов, яке аз вакилони дифоъ дар «парвандаи исфарагиҳо» мегӯяд: «Асоси оғоз шудани қазия ва парвандаи ҷиноӣ гуфтан мумкин аст, ки кушода шудани гиреҳи куштори собиқ муовини додситони кул Толиб Бобоев буд, ки зимни баррасӣ бархе дигар шарикон ва ҳашарикони ҷиноят ошкор ва ба думболи он ҷиноятҳои навъи дигар низ фош гаштанд.»

Толиб Бобоев, муовини Додистони кулли Тоҷикистон буд, ки дар моҳи январи соли 1999 дар шимоли Тоҷикистон кушта шуд. Ҳоло тафтишот Низомхон Ҷӯраевро ба унвони фармоишгари аслии ин куштор медонад.

Аммо Низомхон Ҷӯраев кист? Ин муттаҳами аслии парванда то соли 2007 яке аз афроди мутанаффиз ва соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд буд, ки дар саросари Тоҷикистон низ шинохта шуда буд. Ӯ қабл аз он, ки ба ин мартабаҳо даст биёбад ва молики корхонаҳои саноатӣ дар Исфара ва соҳибкори муваффақ шавад, як корманди фарбрикаи ҷӯроббофии шаҳри Душанбе буд. Ва бо хусусӣ кардани чанд корхона ва ба роҳ мондани тавлидот, ба унвони як соҳибкори муваффақ шинохта шуд ва ба раёсати корхонаи кимиёи Исфара таъин гаштааст.

Ӯ ҳамчунин чанд коргоҳи консервабарорӣ ва тавлиди спиртро дар ихтиёр дошт ва дар интихоботи соли 2005 ба унвони вакили Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шуд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 ба ҳайси яке аз шахсони боэътимоди номзад Эмомалӣ Раҳмон фаъолият кардааст.

Коршиносон мегӯянд, нахустин иттифоқи ғайри интизор ва бархӯрди шубҳаовар дар сарнавишти Низомхон Ҷӯраев, дар ҷараёни ҳамин маъракаи интихоботӣ сурат гирифт. Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд: «Қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006, ба ҷони Низом сӯйқасд сурат гирифт. Ва тасодуфан дар назди идораи ҳукумати ноҳия диндорони зиёде ҷамъ шуданд ва ҳокимияти маҳаллиро дар бефаъолиятӣ айбдор краданд. Ҳамин чизро ҳам муқобили ӯ истифода карданд ва гуфтанд, ки Низом бевосита ба гурӯҳҳои тундарви исломӣ робитаи зич дорад. Ӯ ҳамон вақт шахси бо эътимоди президент дар як ҳавзаи интихоботӣ буд. Мо ҳамон вақт бисёр ҳайратзада шудем, ки чӣ гуна шахси боварибахши президентро ба ҷонаш сӯйқасд мекунанд ва баъди чанде душмани ҳокимият эълон мекунанд.»

Аммо ин фарзия низ замони сӯйиқасд ба ҷони Низомхон Ҷӯраев матраҳ шуда буд, ки эҳтимолан ин амали сӯқасдро худи ӯ ба манзури нишон додани садоқат ба мақомоти сиёсии кишвар роҳандозӣ карда буд. Шояд акнун ба ин суол низ тафтишот баъди боздошти худи Ҷӯраев посух пайдо кунад.

Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев
Аз сӯи дигар оқои Мирсаидов мегӯяд, Ҷӯраев дар баробари ҷонибдорон, мухолифони зиёде ҳам дар ноҳияи Исфара пайдо карда буд, ки пайваста аз болои ӯ ба мақомот шикоят менавиштанд. Аммо то кунун дар мавриди ҳамкории Низомхон Ҷӯраев бо гурӯҳҳои тундрав алайҳи ӯ иттиҳоме ворид нашуда ва маълумоте ҳам нашр нашудааст.

Вале таҳлилгарон аз робитаи хуби ӯ бо мақомоти ҳокимият дар он замон сӯҳбат мекунанд, ки дар пешрафт ва муваффақияти кору тиҷорати Ҷӯраев то ҳадди зиёде ин робитааш нақш дошт.

Баъди сӯйқасди ноком ба ҷони Низомхон Ҷӯраев ва эътирози гурӯҳҳое дар Исфара ба думболи он, ки ба зуди фурӯкаш кард, Низомхон Ҷӯраев аз Тоҷикистон фирор кард ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Макони буду боши ӯ то вақте, ки дар моҳи августи соли 2010 дар Маскав боздошт нашуд, маълум набуд.

Аммо то он, ки ӯ дар Маскав боздошт шавад, алайҳи як гурӯҳи 33 нафарии наздикон ва кормандони корхонаҳои марбут ба Ҷӯраев дар Тоҷикистон парванда боз шуд ва онҳо дар ҳамдастӣ бо Ҷӯраев дар куштор, таъсиси гурӯҳ ва иттиҳодияи ҷиноӣ, азхудкунии амвол ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам ва маҳкум шуда буданд. Ва танҳо ду нафар аз ин афродро додгоҳ сафед намуд.

Яке аз муттаҳамони ин парвандаи ва узви ба истилоҳ иттиҳодияи ҷиноии таъсиснамудаи Низомхон Ҷӯраев, Алӣ Бекназаров буд, ки дар дар баҳори соли 2008-ум дар боздоштгоҳи Истаравшан ҷасади овезон бар дори ӯро пайдо намуданд. Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ӯ ба даст доштан дар куштори собиқ муовини додситон иқрор карда, аммо гуфтааст, ки фароишгари ин суиқаст каси дигаре буд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ
Бузургмеҳр Ёров, яке дигар аз вакилони дифои «парвандаи исфарагиҳо» ва Алӣ Бекназаров мегӯяд: «Бекназаров Алӣ рӯзи 5-уми марти соли 2008 баёнот дод, ки кушторро Қосим Қосимов, раиси ҳамонвақтаи вилояти Суғд супориш додааст. Баъди 20 рӯз, 24 ё 25 марти соли 2008 дар Истраравшан ӯро доркашидагӣ пайдо карданд. Гӯё рӯзона ӯ худаш худашро дор кашида бошад, аммо хешу табораш ба ин бовар надоранд».

Роҷеъ ба иллатҳо ва омилони ин қазия баҳсу ҳадсу гумони фаровоне вуҷуд дорад. Аз ҷумла бисёре аз таҳлилгарон баҳси бархоста дар атрофи Низомхон Ҷӯраевро рақобати гурӯҳҳои бо нуфузи тиҷоратӣ ва молӣ бар асари ҳавзаи нуфузи иқтисодӣ медонанд ва мегӯяд, ки ҳадаф аз дур андохтани ӯ, ба даст гирифтани ширкат ва коргоҳҳои фоидаовари ӯ мебошад.

Неъматулло Мирсадов дар ин замина мегӯяд: «Ман гумон мекунам, ки сабаби ин қазия пеш аз ҳама рақобати миёни соҳибкоронест, ки иқтисоди ҷумҳуриро зери назар доштан мехоҳанд. Ва Низом фаъолияти худро ба мақсади онҳо тобеъ накард.»

Дар соли 2009 тафтиши парвандаи исфарагиҳо аз сӯи Оҷонси зидди фасод ба поён расид ва ба додгоҳ ироа шуд. Додгоҳ 31 нафарро ба ҷурми даст доштан дар ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ, куштор, сирқат ва азхудкунии пулу мол муҷрим шинохт ва ба муддатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон кард. Мурофиаи додгоҳии парвандаи исфарагиҳо пурсару садо буд ва хоса бурузи ихтилоф миёни додситонӣ ва додгоҳ дар баррасӣ ва эълони ҳукми ин парванда, ба ин сарусадо бештар афзуд.

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, «баҳси суд ва прокурор аз он иборат буд, ки прокурор мегуфт, ки дар тафтишоти судӣ бисёр ҳолатҳое, ки дар айбнома омада буд, онҳо исботи худашонро наёфтанд. Ва сохтакории далелҳо буд. Яъне баҳс аз ин иборат буд, ки мақомоти Оҷонси мубориза бо фасод ҳамин парвандаро ғайри қонунӣ тафтиш кардааст.»

Вале акнун муттаҳами аслӣ - қазия Низомхон Ҷӯраев дигар дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон аст ва Оҷонси мубориза бо фасод ва ҷиноёти молии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ӯро идома медиҳад. Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод, ки баъд аз анҷоми "парвандаи исфарагиҳо" ба ин мақом таъйин шуд, мегӯяд, ҳоло хеле аз масъалаҳо рӯшан шуда ва
Фаттоҳ Саидов
Фаттоҳ Саидов
зимни бозпурсиҳо Низомхон Ҷӯраев ба бархе аз иттиҳомоте, ки ба ӯ ворид шудааст, иқрор кардааст, аммо ҳамчунон баррасии парванда идома дорад:

«Мо тафтиши парвандаро сар кардем. Натиҷаҳои хуб ҳам дорем. Ман ҳамчун шахси мутасаддӣ мегӯям, ки ҳамаи кор дар доираи қонун пеш рафта истодааст. Албатта дар ҷиноят даст дорад, худиқрорӣ дода истодааст. Дар мавриди ҷиноятҳои самти иқтисодӣ иқрор шуда истодааст. Баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки (дар содир шудани ҷиноят) ӯ ҳамчун роҳбар намегузарад, ин ҷиноятҳоро бархе дигар гурӯҳҳо кардаанд, ин мавридро ҳам дар назар мегирем.»

Оқои Саидов мегӯяд, ин ки Низом Ҷӯраев худаш ба мақомот ҳозир шуда ва баёноти худиқрорӣ медиҳад, бар асоси қонун ба ӯ сабукӣ дода хоҳад шуд.

Аммо баъди эълони ҳукми ҳайати Додгоҳи олӣ дар соли 2009, додситонии Тоҷикистон ба он эътироз намуд ва хостори бозбинии ин ҳукм шуд. Аммо ин қазия хоста ё нохоста чанд, иттифоқи дигарро дар пай дошт ва то кунун бозбинӣ нашудааст.

Аз ҷумла, ин ки додситони кулли собиқ Бобоҷон Бобохонов, ки бовар дошт, тафтишот ва баррасии додгоҳӣ гуноҳи бархе аз аъзои ин гурӯҳро собит накардааст, аз мақомаш барканор шуд. Ва бархе аз таҳлилгарон барканории додситони кулли собиқро ба ҳамин парванда рабт медиҳанд.
XS
SM
MD
LG