Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар Русия танзим мешавад


Дар синфхонаи яке аз мактабҳои Русия. (Акс аз бойгонӣ)

Дар синфхонаи яке аз мактабҳои Русия. (Акс аз бойгонӣ)

Муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Шӯравии пешин ба Русия идома дорад ва чунин муҳоҷират аз Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Муҳоҷирати солҳои пеш аз кунунӣ бо он фарқ дорад, ки ҳоло шумораи зиёди муҳоҷирон зану фарзандони худро низ бо худ мебаранд. Дар маҷмӯъ шумораи чунин хонаводаҳо аз Шӯравии пешин то ба миллионҳо адад мерасад. Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои ба танзим даровардани таҳсили фарзандони онҳо мехоҳад муқаррароти шадидтар ҷорӣ кунад. Ин раванд дар ҳоли оғоз аст ва шояд дар оянда доманаи он густардатар шавад.

Мавҷигул, муҳоҷирзани кории тоҷик аст, ки ҳоло бо шавҳараш шаҳрвандии Русияро дарёфт накардаанд. Солҳои аввали зист дар Маскав ҳар гоҳ сабти иқомати худро тамдид мекарданд, то ҳузури онҳо дар Русия қонунӣ шавад. Бо вуҷуди ин фарзанди худ Зиёвиддини Зиёдуллоро ба мактаб доданд. Мавҷигул он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд: “Соли аввале, ки овардем, ман ба вай гуфтам, ки бачаҷон, ман шуморо бурда дар мактаб мемонам. Агар шумо дар ин мактаб таҳсил карда натавонед, ман шуморо мегирам. Рӯзи аввале, ки дарс рафт, омаду гуфт, ки модарҷон, ман бисёр шодам. Хондани худро дар ҳамин ҷо давом медиҳам. Ман зиқ будам ва ба худ андеша мекардам, ки шояд бачаи ман дар ин ҷо хонда натавонад.”

То он вақт Зиёвиддин чаҳор сол дар Тоҷикистон таҳсил карда буд ва дар яке аз мактабҳои Маскав таҳсилро аз синфи 5 идома дод ва ҳоло дар синфи 9 яке аз шогирдони намунавӣ ба шумор меравад.

Мисли Зиёвиддин шояд ҳазорҳо нафар фарзандони муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла аз Тоҷикистон дар мактабҳои гуногуни Русия таҳсил мекунанд. Шумораи дақиқи онҳоро то ҳол касе ё муассисае намедонад. Вале ин нукта мусаллам аст, ки бо гузашти солҳо падару модаронашон ба ватан барнагаштанд, баръакс бо пайдо кардани ҷои кори муносиб муҳоҷирони дигар низ зану фарзандони худро ба Русия оварданд. Бад-ин тариқ муҳоҷирати хонаводаӣ ба падидаи маъмулӣ табдил ёфт.

Ҳоло дар ҷомеаи Русия ин масъаларо матраҳ мекунанд, ки дар баробари волидайн вазъи ҳуқуқии фарзандони онҳо низ барои таҳсил, дарёфти хадамоти тиббӣ ва амсоли он бояд бо қонунгузориҳои Русия мутобиқ шавад. Бо дархости намояндагии Бунёди Кӯдаки СММ дар Русия, “Мактаби олии иқтисодӣ”-и ин кишвар ё “ Высшая школа экономики” дар Санкт-Петербург пажӯҳише анҷом дод ва роҷеъ ба натиҷаҳои он гузорише бо номи “Фарзандони муҳоҷирони корӣ” ба нашр расонд.

Даниил Александров-муаллифи ин гузориш ва муовини раиси ин пажӯҳишгоҳ мегӯяд, дар мактабҳои ин шаҳр 632 шогирди мактаб дар назарпурсӣ ширкат ҷустаанд ва бо 20 коршинос мусоҳибаҳои вижа анҷом гирифтааст. Дар натиҷаи ин пажӯҳиш маълум шудааст, ки қонунҳои Русия вазъи ҳуқуқии фарзандони муҳоҷиронро фаро намегиранд ва дар ин бахш холигоҳҳо вуҷуд дорад. Масалан, агар сабти иқомати волидайн ба поён расад, дар он сурат идомаи таҳсили фарзандони онҳо ба хатар рӯ ба рӯ мешавад. Вақтҳои ахир бо дархости Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мақомоти интизомӣ дар мактабҳо расидагӣ ё рейд анҷом медиҳанд. Дар сурати ифшо шудани чунин намунаҳо, масъалаи ихроҷи фарзандони муҳоҷир матраҳ мешавад ва мактабро ҷарима мебанданд.

Даниил Александров-муаллифи гузориши “Фарзандони муҳоҷирони корӣ” чунин мегӯяд: “Тибқи маълумоти ман, кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират худашон ба тафтиш намераванд. Онҳо дар бораи баъзе мактабҳо дархост мефиристанд. Кормандони интизомӣ ин гуна тафтишҳо анҷом медиҳанд. Онҳо меоянд, ҳуҷҷатҳоро мебинанд. Аз кӯдакон чизе намепурсанд. Агар ҳуҷҷатҳо дуруст набошад, матабҳоро ҷарима мебанданд.”

Имкон дорад бо ташдиди қонунҳои муҳоҷират дар Русия, тафтиши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар бештар шавад ва кӯдакон дар ҳолати беҳуқуқӣ қарор бигиранд. Бо назардошти чунин пешомадҳо, муаллифони гузориш пешниҳод кардаанд, ки дар оянда бояд ҳаққи таҳсили кӯдакони муҳоҷирони корӣ дар қонунгузориҳои Русия дақиқ шавад, то онҳо иҷборан аз таҳсил ронда нашаванд. Ҳадди ақал онҳо битавонанд таҳсили худро то поёни соли таълимӣ давом диҳанд.

Намояндагии Хадамати муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, то ҳол бо муҳоҷирони Тоҷикистон чунин пешомад рух надодааст ва ба намояндагии онҳо дар ин бора гузорише ҳам нарасидааст. Бар асоси қонунҳои мавҷудаи Русия, ҳангоми бо таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирон, мактабҳо танҳо ҳуҷҷатҳои волидайн ва адреси иқомати онҳоро дар назар мегиранд.

Саид Боев-сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав чунин мегӯяд: “Асосан аз падару модар аснод талаб мекунанд. Масалан, дар бораи ба қайди Хадамоти муҳоҷирати Русия мондан. Дар қонун дар бораи кӯдак чизе нест ва талаб ҳам карда намешавад. Вай ноболиғ аст ва аз рӯи қонуни Хадамоти федеролии муҳоҷират, то сини 14-16 солагӣ дар қайд гузошта намешавад.”

Дар намояндагии тозатаъсиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҳоло маълумот дар бораи шумораи фарзандони муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ин кишвар дар мактабҳо таҳсил мекунанд, вуҷуд надорад.

Бар асоси қонун, фарзандони муҳоҷироне метавонанд дар мактаб таҳсил кунанд, ки санади ҳақи иқомат ё “Вид на жительство” ва корти зисти муваққатӣ дошта бошанд. Чунин корт барои ҳар 90 рӯз дода мешавад ва ҳар се моҳ бояд волидайн бо фарзандони худ аз марзи Русия берун раванд ва дубора вориди он шаванд, то дубора корти зисти муваққатӣ, яъне 90 рӯзӣ ба даст оранд.

Коршиносон чунин муқарраротро изофӣ ва барои муҳоҷирон мушкил медонанд ва мегӯянд, чунин низом на танҳо бар зарари кӯдаки муҳоҷир, балки бар зарари давлати Русия низ ҳаст. Ҷустуҷӯи кӯдаки муҳоҷири ғайриқонунӣ дар мактаб вайро дар ҳолати таҳқир қарор медиҳад, вай худро дар ҳолати ногувори равониву афсурдагӣ мебинад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мактабҳои Русияро бояд аз чунин тафтишҳо ором гузошт ва холигоҳ дар қонунҳоро бояд пур кард. Барои волидайн набояд фарзандони хурдсоли онҳо посухгӯ бошанд. Гузашта аз ин, мактаб яке аз василаҳои муассири адаптатсия ё унс гирифтани волидайни муҳоҷир бо ҷомеаи Русия мебошад.

Муаллифони гузориши “Фарзандони муҳоҷирони корӣ” мегӯянд, пажӯҳиши анҷомшуда нишон медиҳад, ки фарзандони муҳоҷирони корӣ дар бештари маворид аз фарзандони сокинони таҳҷоӣ дар таҳсил муваффақтар мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG