Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун хостори афзоиши нозирон дар Сурия шуд


Нозирони байнулмилалӣ дар Сурия
Нозирони байнулмилалӣ дар Сурия
Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, изҳор намуд, ки теъдоди нозирони байнулмилалӣ дар Сурия бояд афзоиш ёбад. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти авзоъ дар Сурия назорати оташбас аз сӯи 250 нозир кофӣ нест.

Дар Сурия бо вуҷуди оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ гоҳ-гоҳ бархӯрдҳо сурат мегиранд. Айни ҳол фақат гурӯҳи аввали нозирони СММ вориди Сурия шуда, вале Димишқ ҳанӯз ваколати онҳоро пурра тайид накардааст.

Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе авзоъ дар Сурия дар Порис, дар нишасти вазирони умури хориҷии "кишварҳои дӯсти Сурия", баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG