Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Қадам ба қадам" алайҳи маҳалгароӣ "қиём" мекунад


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Як гурӯҳи чилнафараи ҷавонон тасмим гирифтаанд, созмони иҷтимоиеро бо номи «Қадам ба қадам» таъсис диҳанд. Мубтакирони ин иқдом мегӯянд, ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин созмон, аз миён бурдани нафрати маҳаллӣ ва ба вуҷуд овардани тафоҳуми умумӣ миёни ҷавонони Тоҷикистон аст. Далер Шарипов, раҳбари ин гурӯҳи ташаббускор ба Радиои Озодӣ гуфт, тавассути роҳандозии муколама ва муошират дар маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон, мехоҳанд афкори ҷавонон ва ҷомиаро ба ҳам наздик кунанд. Вай гуфт, то ба ҳол 40 нафар аз гӯшаҳои мухталифи кишвар ба ин иттифоқи назар расидаанд, ки ҳамчунин як созмон рӯи кор ояд. Ба қавли ӯ, таҳияи аснод ва сабти номи расмии ин созмон то Ҳафтаи ҷавонон дар кишвар дар даҳаи ахири моҳи май бояд ба анҷом расад ва сармоягузории созмонро ҳам худи ҷавонон ба дӯш доранд.
XS
SM
MD
LG