Пайвандҳои дастрасӣ

Партоби мушаки Кореяи Шимолӣ ноком шуд


Маҳали партоби мушакҳои Кореяи Шимолӣ

Маҳали партоби мушакҳои Кореяи Шимолӣ

Бо вуҷуди ҳушдор ва дархостҳои кишварҳои гуногун Кореяи Шимолӣ субҳи рӯзи ҷумъа соати 7:39 дақиқаи вақти маҳаллӣ мушаки худро партоб кард. Вале мақомоти расмии Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Амрико мегӯяд, ки парвози ин мушак баъд аз чанд лаҳзаи партоб қатъ ва ноком шудааст.

Кореяи Шимолӣ мушаки Унҳа 3-и худро аз маҳали Тонгчанг-рӣ воқеъ дар ғарби кишвар партоб кард. Наокӣ Танака-вазири дифои Ҷопон ба зудӣ баъд аз партоби мушак мухтасар ба матбуот чунин гуфт:

“Мо маълумот гирифтем, ки як чиз партоб шудааст. Баъд маълум шуд, ки он бештар аз як дақиқа парвоз кардааст ва ба уқёнус афтодааст. Он ба қаламрави кишвари мо тамоман зарар нарасондааст”.

Ким Мин Соек-сухангӯи вазорати дифои Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки кишвари онҳо низ ҳамин гуна маълумот дарёфт кардааст. Ким гуфт:

“Баъд аз чанд дақиқаи партоб мушак пора ва қисмҳои он сарозер шуд”.

Ба гуфтаи Ким, мақомоти расмии Амрико низ таъйид кардаанд, ки пораҳои мушак ба обҳои баҳри Зард воқеъ дар ғарби нимҷазираи Корея афтодааст.

Ҷей Карней-сухангӯи Кохи Сафеди Амрико гуфт, ки барномаи партоби мушаки Кореяи Шимолӣ ноком шуд ва он бар хилофи ӯҳдадориҳои ин кишвар буд. Ба гуфтаи вай, партоби мушак амнияти Осиёсро дар хатар гузошт.

Телевизиони NHK-и Ҷопон аз қавли манобеи вазорати дифои ин кишвар гуфтааст, ки ин мушак тақрибан 120 километр парвоз кардааст ва сипас пора шудааст. Худи Кореяи Шимолӣ дар бораи партоби мушакаш то ҳол маълумот надодааст.
XS
SM
MD
LG