Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арабистони Cаудӣ саҳми Тоҷикистон дар фиристодани шаҳрвандони ин кишвар ба зиёрати Каъбаро афзудааст.

Абдуғаффор Қурбонов, мудири шӯъбаи Ҳаҷ дар Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, дар маросими имсолаи Ҳаҷ аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар ба зиёрати маконҳои муқаддаси мусалмонон мушарраф хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки қаблан дар як сол 5 ҳазору 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи зиёрати "хонаи Худо"-ро доштанд.

Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон талош кардааст, то саҳми худро аз ин шумора низ бештар намояд, аммо Арабистони Саудӣ саҳми ин кишварро дар ҳадди ин шумора қарор додааст.

Масъули шӯъбаи ҳаҷҷи Кумитаи дини Тоҷикистон афзуд, ҳанӯз нархи сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷ муайян нашудааст. Вале дар соли гузашта нархи сафари Ҳаҷ барои як нафар 3 ҳазору 448 долларро ташкил медод.

Довталабони зиёрати "хонаи Худо" аз Тоҷикистон сол то сол бештар мешавад ва ба ин далел мақомоти ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз эҷоди мушкил феҳристи афроди хоҳишмандро тартиб дод ва барои онҳо навбат муқаррар кардааст.

Аммо ахиран намояндаи собиқи Омбудсмени тоҷик дар Хуҷанд бо нашри матлабе дар расонаҳо аз фасоду ришва дар масъалаи гусели зоирони тоҷик ба Ҳаҷ хабар дод. Пас аз он дар моҳи феврали соли ҷорӣ додситонии вилояти Суғд ба тафтиши вуҷуди фасоду ришвахорӣ миёни масъулони сафарбарӣ ба маросими Ҳаҷ-2011 оғоз кард.

Истадмурод Акрамов, намояндаи пешини Омбудсмени тоҷик дар шаҳри Хуҷанд, дар як матлаби худ, ки дар баъзе аз расонаҳои Тоҷикистон ҳам ба нашр расид, аз фасоду ришвахории густарда ҳангоми сафарбарӣ ба зиёрати Хонаи Каъба аз сӯи масъулон ёдовар шуда, тафтиши онро тақозо карда буд.

Дар оғози солҳои 2000-ум, замоне ки теъдоди ба ҳаҷравандагон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, мақомоти Кумитаи дин талош кард, ки танзими сафари Ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон ба вуҷуд оварда буданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG