Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Қурбонов роҳхати олимпиро ба даст овард


Акс аз бойгонӣ: Ҷаҳон Қурбонов аз тарафи рост
Акс аз бойгонӣ: Ҷаҳон Қурбонов аз тарафи рост

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардид.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг дар даври ниманиҳоӣ бар муштзани Қирғизистон Сергей Скляров бо ҳисоби 12:7 пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, Ҷаҳон дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ерденебайар Сандрагсурен (Муғулистон) бо натиҷаи 19:16 ғолиб омада буд.

Бояд гуфт, Ҷаҳон Қурбонов пас аз Анвар Юнусов ва Собирҷон Назаров севумин муштзани тоҷик аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон мушарраф шудааст.

Вале Собирҷон Назаров, ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг бар ду рақибаш – Кгиангкай Сукхум (Тайланд) ва Ю-Тинг Янг (Тайван) аз рӯи холҳо бо ҳисоби якхелаи 16:11 пирӯз шуда буд, дар даври ниманиҳоӣ аз Аббос Атоеви узбакистонӣ, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, бо ҳисоби 2:13 мағлуб гашт.

Асрор Воҳидови 16-сола, муштзани аз ҳама ҷавони ин мусобиқа, ки дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 49 кг Ҳасан Алӣ Носири 19-солаи ироқиро бо ҳисоби 13:11 шикаст дода буд, дар даври ниманиҳоӣ аз Наойя Иҷоуи ҷопонии 19-сола, барандаи Ҷоми президенти АИБА, бо ҳисоби 16:21 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, ҳашт намояндаи Тоҷикистон – Асрор Воҳидов (49 кг), Сафовиддин Юсуфӣ (то 52 кг), Мададӣ Нағзибеков (то 60 кг), Назири Пиракӣ (то 64 кг), Наврӯз Ҷафоев (то 69 кг), Собирҷон Назаров (то 75 кг), Диловаршоҳ Абдураҳмонов (то 91 кг) ва Меҳроҷиддин Каримов (+91 кг) аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Ҷаҳон Қурбонов имрӯз, 12-уми апрел, дар даври ниҳоӣ ширкат кард ва аз рақибаш муштзани Ҳиндустон Сумит Сангван аз рӯи холҳо бо ҳисоби 9:14 мағлуб гашт.

Бояд гуфт, ки то имрӯз ҳафт варзишгари тоҷик ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ роҳхат гирифтааст. Ба ҷуз муштзанҳо Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов, гурзандоз Дилшод Назаров, таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, паҳлавон Искандари Рустам дар риштаи гуштии озод ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон-2012 мушарраф шудаанд.

Ба ин тартиб дар мусобиқаи интихобии осиёӣ дар Остона 131 варзишгар аз 28 кишвари қора барои 25 роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза бурданд. Намояндагони 12 кишвар соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шуданд.

Муштзанҳои Чин, Ҳиндустон, Эрон ва Қазоқистон сероҳхатӣ, варзишгарони Ҷопон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дуроҳхатӣ ва намояндагони Урдун, Кореяи Шимолӣ ва Сурия якроҳхатӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG