Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як роҳхати олимпии муштзанҳои тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Собирҷон Назаров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс, ки дар пойтахти Қазоқистон ҷараён дорад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ гардид.

Дар ин мусобиқа, ки барои муштзанҳои Осиё охирин имкони ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ маҳсуб мешавад, 131 варзишгар аз 28 кишвари қора ҷиҳати дарёфти 25 роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза мебарад.

Собирҷон Назаров дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг бар ду рақибаш – Кгиангкай Сукхум (Тайланд) ва Ю-Тинг Янг (Тайван) аз рӯи холҳо бо ҳисоби якхелаи 16:11 пирӯз шуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид.

Бояд гуфт, Собирҷон Назаров пас аз Анвар Юнусов дувумин муштзани тоҷик аст, ки роҳхати олимпӣ ба даст овардааст. Анвар порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 54 кило ҷойи севумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон мушарраф шудааст.

Умуман, ин роҳхати шашуми варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Лондон маҳсуб мешавад. Пеш аз Собирҷон Назаров гурзандоз Дилшод Назаров, муштзан Анвар Юнусов, таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, гуштигири озод Искандари Рустам роҳхатҳои олимпиро ба даст овардаанд.

Дар сабқати интихобии осиёӣ муштзани дигари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ерденебайар Сандрагсурен (Муғулистон) бо натиҷаи 19:16 дастболо шуд ва ба нимфинал баромад.

Вале панҷ намояндаи Тоҷикистон - Мададӣ Нағзибеков (то 60 кг), Наврӯз Ҷафоев (то 69 кг), Назири Пиракӣ (64 кг), Сафовиддин Юсуфӣ (то 52 кг) ва Диловаршоҳ Абдураҳмонов (то 91 кг) аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхатҳои олимпӣ маҳрум шуданд.

Боз ду муштзани тоҷик - Асрор Воҳидов (49 кг) ва Меҳроҷиддин Каримов (+91 кг) барои роҳхатҳои олимпӣ талош доранд. Асрор Воҳидови 16-сола, муштзани аз ҳама ҷавони ин мусобиқа, дар нахустин қувваозмоияш имрӯз, 9-уми апрел, Ҳасан Алӣ Носири 19-солаи ироқиро бо ҳисоби 13:11 шикаст дод ва дар даври баъдӣ бо Наойя Иноуи (Ҷопон)-и 19-сола вориди рақобат мешавад.

То ҳоло муштзанҳои Туркманистону Узбакистон дар ин мусобиқа ду роҳхатӣ ва варзишгарони Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустону Эрон як роҳхатӣ гирифтаанд. Мубориза барои 17 роҳхати дигар идома дорад.
XS
SM
MD
LG