Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи шадид Мексикаро такон дод


Зилзилаи шадид Мексикаро такон дод. Ин зилзила дар аёлати ғарбии Мичокан 7 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Сокинони пойтахти Мексика низ ин зилзиларо эҳсос кардаанд. Биноҳо ба ларза даромадаанд ва сокинон шитобон ба берун давидаанд. Дар бораи харобиҳо ё қурбониёни зилзила гузориш дода нашудааст. Дар ҳамин ҳол, зилзилаи 5,6 дараҷа аёлати ғарбии Орегони Амрикоро низ ба ларза даровардааст. Мақомот гуфтаанд, ки баъд аз ин зилзила дар бораи сунамӣ эълон нашр накардаанд.
XS
SM
MD
LG