Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Владимир Путин-раиси ҷумҳури мунтахаби Русия ба унвони нахуствазир ба порламони кишвараш охирин паёми солонаи худро ироа хоҳад кард. Паёми вай як моҳ пеш аз маросими ёд кардани савганди раёсати ҷумҳурӣ ироа мешавад. Маросими ёд кардани савганд 7 май барномарезӣ шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, интизор меравад, ки Путин зимни суханони худ дар бораи дастовардҳои иқтисодиаш лаффозӣ кунад. Мумкин аст вай ҳамчунин бо истифода аз фурсат барномаҳои рушд дар давраи нави шаш соли раҳбариашро низ дар суханрониаш ёдовар шавад. Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки имкон дорад аз ҷониби намояндагони мухолифон дар порламон ба Путин суолҳои мушкил низ дода шавад. Вай бори аввал дар давоми 12 соли ҳокимияташ ба муқовимати шадиди мухолифонаш рӯ ба рӯ шуда буд. Мухолифон барои тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот моҳи декабр тазоҳуроти эътирозӣ анҷом дода буданд.
XS
SM
MD
LG