Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайф-ул-Ислом Қаззофӣ дар Либия муҳокима мешавад


Писари маъруфи раҳбари собиқи Либия Муаммар Қаззофӣ ба Додгоҳи байналмилалӣ супурда нахоҳад шуд. Вазири адлияи ин кишвар Алӣ Ашӯр гуфт, ки Сайф-ул-Ислом барои фасоди молӣ ва ҷиноятҳои назири куштору таҷовуз дар дохили Либия ва аз ҷониби додгустарҳои маҳаллӣ муҳокима мешавад. Сайф-ул-Ислом дар як зиндони махфии ҷангиёни шаҳри Зинтон, ки соли гузашта ӯро боздошт карда буданд, нигаҳдорӣ мешавад. Айни замон, додгоҳи байналмилалӣ мегӯяд, аз рӯи ваколатномаи доштааш Троблус бояд писари Қаззофиро барои муҳокимаи ин додгоҳ таслим кунад. Додгоҳи воқеъ дар Гаага дархости Либияро рад кард, ки мехост Сайф-ул-Исломро дар мӯҳлати дигар таслим кунад. Соли гузашта ин додгоҳ ҳукми боздошти Муаммар Қаззофӣ, Сайф-ул-Ислом ва раиси хадамоти истихбороти раҳбари собиқи Либия Абдулло Сенуссиро, ки моҳи гузашта дар Мавритания боздошт шуда буд, содир кард.
XS
SM
MD
LG