Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун аз Сурия хост, ҷангро бас кунад


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, идомаи ҳамлаи нерӯҳои Сурия ба шаҳрҳои тарафдори гурӯҳҳои мухолифи давлат, “помоли“ созиш бо Шӯрои Амният аст, ки хостааст, артиши Сурия нерӯҳояшро аз шаҳрҳо берун кашад. Бан Ки Мун рӯзи ҷумъа гуфт, ризоияти Башшор Асад барои қатъи истифода аз силоҳҳои вазнин то 10-уми апрел набояд “баҳонае барои идомаи куштор” бошад. Дабири кулли Созмони Милал аз мақомоти Сурия хост, фавран тамоми амалиётҳои низомиро мутаввақиф кунанд. Кофӣ Анон, дабири кулли пешини созмон чанде пеш миёни ду тараф созишеро ҳосил кард, ки бар асоси он бояд тамоми тарафҳои муноқиша дар Сурия ҷангу хусуматро бас кунанд ва ба муколама пардозанд. Роберт Форд, сафири Амрико дар Сурия, аксҳои моҳвораиро дар Фейсбук гузоштааст, ки нерӯҳои Сурия ба тирандозӣ аз силоҳҳои вазнин ба маҳалҳои аҳолинишин омода мешаванд ва ё аз як шаҳр ба шаҳри дигар ҳаракат мекунанд. Роберт Форд, ки дар Амрико аст, навиштааст, “Режими Сурия ҳақиқатро пинҳон карда наметавонад.”
XS
SM
MD
LG