Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тимошенко муолиҷа дар бемористони ҳукуматиро рад кард


Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини зиндонии Украина мегӯяд, вай дар бемористони дохилии Украина, ки ба Хадамоти роҳи оҳани ин кишвар тааллуқ дорад, муолиҷа нахоҳад гирифт. Муолиҷа дар ин бемористонро ба вай ҳукумати Украина пешниҳод кардааст. Евгения Тимошенко-духтари Юлия Тимошенко изҳоротро аз номи модараш дар назди рӯзноманигорон қироат кард ва гуфт, бемористоне, ки ҳукумат пешниҳод кардааст, ба бемории модараш рабте надорад. Евгения ҳамчунин таъйид кард, ки модараш мунтазири омадани пизишкони олмонӣ ҳаст ва дарди шадид ҳамчунон идома дорад. Дар аввалҳои соли ҷорӣ пизишкони ғарбӣ саломатии Тимошенкоро муоина карда буданд ва ба хулосае расиданд, ки дарди шадид нируи беморро мебарад.
XS
SM
MD
LG