Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико як шаҳрро пурра фурӯхтанд


Шаҳраки Бафорд дар аёлати Вайоминги Амрико, ки ҳамагӣ 1 сокин дорад, дирӯз дар як музояда бо қимати тақрибан 900 000 доллар ба харидоре аз шаҳри Ҳо Шӣ Мин фурӯхта шуд. Дон Саймонс, ки чандин сол танҳо сокини Бафорд ва молики тамоми биноҳои шаҳр буд, тасмим гирифтааст, ҳама молу мулкашро фурӯхта, ба ягон соҳили баҳр бикӯчад. Молики нав соҳиби як манзил бо 3 хонаи хоб, гараж, сарой, мағоза, истгоҳи сӯхтфурӯшӣ, як мактаби сохти соли 1905 ва 4 гектар замин дар канори яке аз шоҳроҳҳои пурҳаракати Амрико хоҳад шуд. 100 сол пеш дар Бафорд беш аз 2000 нафар ба сар мебурд, вале баъди кандани роҳи оҳан сокинонаш аз инҷо кӯч бастанд.
XS
SM
MD
LG