Пайвандҳои дастрасӣ

Мансабдори полис аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурд


Бар асари таркиши маргталабона дар шаҳри Қарочии Покистон, ки ҳадафаш як мансабдори воломақоми полис буд, се нафар ба ҳалокат расида ва дасти кам панҷ тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ифротгарои “Таҳрики исломӣ” бар ӯҳда гирифт. Риё Анвар, раиси полиси маҳаллӣ, ки таркиш дар канори мошини ӯ рӯй дод, осеб надидааст.

Дар се моҳи соли равон бар асари ҳамлаҳои террористӣ ва бархурдҳои сиёсиву қавмиву мазҳабӣ дар Қарочӣ тақрибан 300 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG