Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳашт нафар дар ҳамлае дар Фараҳ


Бар асари ҳамлаи ҷангиёни “Толибон” ба постгоҳи полис дар мавзеъи Хоки Сафеди вилояти Фараҳ, воқеъ дар ғарби Афғонистон, ҳашт нафар кушта шуданд. Дар ин постгоҳ асосан сокинони маҳаллӣ, ки бо полис ҳамкорӣ мекунанд, хизмат мекарданд.

Намояндаи ҷунбиши “Толибон” Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ тайид кард, ки онҳо масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.

Аз ин пеш бар асари ҳамлаи маргталабонаи як ҷангии толиб дар вилояти Фарёб 12 нафар, аз ҷумла, 3 сарбози амрикоӣ ҷон бохтанд. Бештари қурбониёни ин ҳодиса кормандони полиси афғон буданд.

Аз ибтидои соли равон дар Афғонистон тақрибан сад низомии НАТО ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG