Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори бозори Качаловои Маскав ва 12 кушта дар он


Субҳи имрӯз дар бозори Качаловои Маскав сӯхторе рух додааст. Сухангӯи вазорати умури изтирории Русия гуфтааст, дар ин сӯхтор 12 нафар муҳоҷирони корӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҳалокат расидаанд. То ҳол шахсияти ҷондодагон маълум нест, вале хабарҳои таъйиднашуда ҳокист, ки аксари онҳо муҳоҷирони тоҷик будаанд. Баъзе хабарҳо шумораи ононеро, ки дар амбори бозори Качалово ба сар мебурдаанд, 15 нафар нишон медиҳанд, вале рӯшан нест, ки дар соатҳои сӯхтор чанд нафари онҳо дар дохили амбор будаанд. Баъзе хабаргузориҳо шумораи муҳоҷирони кушташудаи тоҷикро 10 нафар мегӯянд. Вале Саид Боев-сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, то соатҳои 12:30 дақиқаи Маскав 9 ҷасадро берун овардаанд ва ин ҷасадҳо ба таври шинохтанашаванда аз оташ осеб дидаанд. Саид Боев мегӯяд, дар ин сӯхтор ба эҳтимоли зиёд шаҳрвандони Қирғизистон ва Узбакистон низ кушта шудаанд. Тахмин зада мешавад, ки сӯхтор аз бархӯрдани ноқилҳои барқ ба вуҷуд омадааст. Ташхиси ҷасадҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG