Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон аз Амрико "ҳадяи низомӣ" хост


Мақомоти Қирғизистон аз Амрико хостаанд, ба кишварашон ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бидиҳад. Бусурмонқул Таболдиев, дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо зимни мулоқот аз ҳайъати Амрико хостаанд, баъди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинашонро дар ин кишвар бигузоранд. Генерал Ҷеймс Маттис фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Амрико гуфтааст, кишвараш омодааст, ин тақозои Қирғизистонро ба баррасӣ бигирад. Дар мулоқоти ду тараф ҳамчунин истифодаи фурудгоҳи Манас аз тарафи нерӯҳои хориҷӣ баъди соли 2014 ҳам баррасӣ шудааст. Бусурмонқул Таболдиев ба ҳайъати Амрико гуфтааст, Бишкек омода аст, бо назардошти "манофеъи Қирғизистон, амнияти он ва афкори умум” ҳамкорӣ бо НАТО-ро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG