Пайвандҳои дастрасӣ

Сурайёи Қосим: "Аз тақдир ҷойи гурез нест..."


Сурайёи Қосим бо Гулчеҳра Содиқова

Сурайёи Қосим бо Гулчеҳра Содиқова

Сурайёи Қосим, овозхони маҳбуб, дар як гуфтугӯи телефонӣ ба чанд саволи хабарнигори Радиои Озодӣ посух дод.

Сурайёи Қосим баъд аз як садама тақрибан як соли ахир мавриди табобат қарор дошт. Ин ҳодиса дар замоне иттифоқ уфтод, ки духтари хурдияш Фарзонаи Хуршед зиндонӣ шуда, бештар аз як соли умри худро дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак сипарӣ кард.

Дар соли 2010-ум додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фарзонаи Хуршедро ба ду соли зиндон маҳкум намуд. Он ҳам ба далели ин ки Фарзона талош кардааст, то дӯстписари худ Фаррух Рӯзиевро аз толори додгоҳ бигурезонад. Фарзона тирамоҳи соли гузашта, дар пайи тасвиб ва мавриди иҷро қарор гирифтани қонуни афв аз зиндон озод шуд.

Радиои Озодӣ: Хонум Сурайё, ҳоло худро чӣ гуна эҳсос мекунед?

Сурайёи Қосим: "Худоро шукр, ки хеле хуб шудам. Худамро хуб эҳсос мекунам."

Радиои Озодӣ: Муборак бошад "бозгашт"-и Шумо ба саҳнаи ҳунар. Акнун чӣ барномаҳо доред?

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Сурайёи Қосим: "Мо нақша дорем, ки то ду моҳи дигар бо ҳамроҳии Шабнаму Фарзона барномаҳои консертӣ доир намоем. Ин консертҳо, қарор аст, дар Кӯлобу Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар баргузор шаванд."

Радиои Озодӣ: Духтаронатон чӣ гуна гуна зиндагӣ доранд? Фарзона чӣ хел аст?

Сурайёи Қосим: "Ҳамааш хуб аст. Онҳо кор мекунанд, мехонанд, дар маъракаҳои мухталиф иштирок мекунанд. Фарзона ба саҳна бозгашт ва ӯ хеле ҳам хушҳол аст."

Радиои Озодӣ: Хонаводаи Шумо, шахсан худатон ва Фарзона дар ду соли ахир бисёр нохушиҳоро паси сар гузоштед. Аммо дар баробари ин ҳама Шумо мардона истодед...

Сурайёи Қосим: "Русҳо мегӯянд, ки ин "хатти сиёҳ" буд. Инчунин мегӯянд, "нохушӣ худаш танҳо намеояд". Инсон дар зиндагӣ ба озмоишҳои зиёде рӯбарӯ мешавад. Ҳоло ҳама чиз хуб аст. Рости гапро гӯям, ҳамаи ончиро, ки аз сар гузаронидем, ба ёд овардан намехоҳам."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ончи ба Фарзона рух дод, кори оноҳе буд, ки ба духтари Шумо "рашк" мекарданд ва пешрафти Шабнамро намехостанд. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

Сурайёи Қосим: "Аз тақдир ҷои гурез нест. Фикр мекунам, Фарзона кадом иштибоҳе кардааст, чун бисёр ҷавон буд..."

Фарзонаи Хуршед лаҳзае пас аз раҳоӣ аз зиндон

Фарзонаи Хуршед лаҳзае пас аз раҳоӣ аз зиндон

Радиои Озодӣ: Бо Фаррух Рӯзиев чӣ шуд? Додгоҳ дар соли 2010-ум ӯро ба даҳ соли зиндон маҳкум карда буд. Мо дар бораи ӯ чизи дигаре нашунидем. Шумо ягон хабаре доред?

Сурайёи Қосим: "Рости гап, намехоҳем дар бораи ӯ чизе ҳам дониста бошем."

Радиои Озодӣ: Ақаллан намедонед, ки ӯ ҳоло дар зиндон аст, ё на?

Сурайёи Қосим: "Мо фаҳмидем, ки ӯ дар озодист."

Радиои Озодӣ: Дар репертуари Фарзона оё таронаи наве ҳам ҳаст, ки ба зиндагии ӯ дар зиндон рабт бигирад?

Сурайёи Қосим: "Фарзона бисёр таронаҳои нав дорад. Аммо на ҳамаи онҳо ба зиндагии ӯ дар зиндон рабт доранд. Балки онҳо баъд аз раҳоии Фарзона эҷод шудаанд. Фикр мекунам, муносибати вай ба эҷоди тарона тағйир кардааст. Ӯ бештар ба маънии онҳо диққат медиҳад. Ба назари ман, вай бисёр самимӣ шудааст. Ҳамчунин, бисёр чизҳоро дар сабки худ ва ҳунарнамоӣ дар саҳна бознигарӣ кардааст."

Радиои Озодӣ: Шумо ба кори духтарони худ аз нигоҳи танқидӣ менигаред?

Сурайёи Қосим: "Бале, талош мекунам, ки ба онҳо назари шахсии худро бигӯям. Ба ман мақбул аст, ки духтарҳо баъзан пеш аз иҷрои таронае матну интихоби либосро машварат мекунанд. Ман 42 сол боз дар рӯи саҳна ҳастам ва ҳамеша бар ин бовар будам, ки танқид ба нафъи ҳунарманд аст. Ҳамеша ба он чизе, ки ба ту мегӯянд, бояд тавваҷҷӯҳ кунӣ. Чун танқид барои пешрафти ҳунармандон кумак мекунад."

Радиои Озодӣ: Шумо дар кори Шабнам чӣ камбудҳоеро мебинед, барои мисол?

Сурайёи Қосим

Сурайёи Қосим

Сурайёи Қосим: "Намедонам дар ин бора ба Шумо дақиқан чӣ бигӯям. Кори ӯ барои ман писанд аст. Ман ҳамчун модар ва ҳамчун мухлиси санхати ӯ инро мегӯям. Ҳунарманд ҳамон вақт муваффақ мешавад, ки миёни мардум ва бо мардуми худ бошад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки таронаҳои касбӣ баёнгари касбияти ҳунармандон аст."

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон бисёриҳо дар бораи духтарони Шумо - Шабнаму Фарзона медонанд, аммо дар бораи Бибирӯзигул иттилои камтаре доранд. Мегӯянд, ки ӯ баръакси хоҳаронаш мазҳабист...

Сурайёи Қосим: "Дар ҳамаи хонавода фарзандон гуногун мешаванд. Аз рӯи хислату рафтор. Вай аз хурдӣ чунин буд. Дар бистсолагӣ зиёрати Ҳаҷро ба ҷо овард. Ҳоло 34 сол дорад ва дизайнери либосҳост. Барои интихоби лисбоҳо ба хоҳаронаш кумак мекунад. Бо вуҷуди ин ҳама духтарон бо ҳам дӯстанд ва бо якдигар бо эҳтиром муносибат мекунанд. Агар ягон нофаҳмие шуд, онҳо бо маслиҳат онро ҳал мекунанд. Ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки дар ҳар вазъияте инсонгариро набояд фаромӯш кард."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG