Пайвандҳои дастрасӣ

Аннон хостори қатъи фаврии амалиёт дар Ҳумс шуд


Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб оид ба Сурия, хостори қатъи фаврии амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Сурия шудааст. Изҳороти Аҳмад Фавзӣ, намояндаи Аннон дар ин бора баъд аз он нашр шуд, ки рӯзи ҷумъа нерӯҳои вафодор ба Башор Асад шаҳри Ҳумсро дубора мавриди тирборон қарор доданд.

Ба гуфтаи Фавзӣ, Кофӣ Аннон аз низомиёни артиши Сурия даъват кардааст, ки аввал шуда силоҳ ба замин гузоранд, ҳамзамон ӯ талошҳо барои ба мусолиҳа моил кардани мухолифини Башор Асадро идома медиҳад.

Аз ин пеш Башор Асад барои қабули тарҳи Аннон, ки он, аз ҷумла, оташбасро дар назар дорад, изҳори омодагӣ карда буд.

Дар як соли идомаи хушунату хунрезӣ дар Сурия беш аз 9 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG