Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ба иттилои полиси афғон, рӯзи ҷумъа дар мавзеъи Яҳёхели вилояти Пактико нӯҳ корманди полиси як деҳа кушта шуданд.

Раиси полиси вилоят Давлат Хон гуфт, ки эҳтимолан қотил яке аз афсарони полиси мавзеъ бо номи Асадуллоҳ аст ва ӯ нӯҳ нафар, аз ҷумла, бародари худашро ҳангоми хоб буданашон тирборон кардааст. Баъд аз куштор қотил силоҳи кормандони полисро гирифта бо мошин ҷойи ҳодисаро тарк намудааст.

Ҷустуҷӯи Асадуллоҳ идома дорад. Масъулияти ҳамин гуна ҳодисаҳои пешинро мақомоти Афғонистон бар дӯши ҷосусони ҷунбиши “Толибон” вомегузоштанд.
XS
SM
MD
LG