Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ: "Амалиёт алайҳи ифротгароҳо идома меёбад"


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, аз боздошти дасти кам 19 нафари гумонбар дар робита бо гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ хабар дод.

Ӯ дар як суханронӣ аз тариқи радиои Фаронса, гуфт, ки дар ҷараёни амалиёт аз боздоштшудагон силоҳ, аз ҷумла, автомати АК-47 мусодира шудааст. Саркозӣ афзуд, ки нерӯҳои амниятӣ чанд амалиёти нав алайҳи гурӯҳҳои эҳтимолии ифротгароро доир хоҳанд кард.

Ба иттилои расмӣ, амалиёти вижа алайҳи гумонбарони узвият дар гурӯҳҳои ифротгароиро кормандони хадамоти кашфи дохилӣ бо пуштибонии нерӯҳои зудамали полис RAID дар шаҳрҳои Тулуза ва Нант доир карданд. Маҳз дар шаҳри Тулуза рӯзи 22 март дар амалиёти полис Муҳаммад Мераҳ, гумонбари куштори се низомии фаронсавӣ ва як раббиву се толибилми яҳудӣ, ба ҳалокат расид. Рӯзи панҷшанбе ҷасади Муҳаммад Мераҳ дар канори шаҳри Тулуза ба хок супурда шуд.

Айни ҳол кормандони полис бародари Муҳаммад – Абдулқодир Мераҳро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят дастгир кардаанд ва ҷустуҷӯи дигар шарикони эҳтимолӣ дар ҳамлаҳои Мераҳ идома дорад.

Мақомоти Фаронса тайид карданд, ки бархе аз афроди боздоштшуда бо тафтиши парвандаи Муҳаммад Мераҳ рабте надоранд.
XS
SM
MD
LG