Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Сурия атрофи Ҳомаро тирборон кард


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия мавзеъҳои атрофи шаҳри Ҳомаро, ки он ҷо гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин қарор доранд, тирборон карданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар амалиёт тақрибан 70 танк ширкат дорад. Теъдоди қурбониёни бархӯрдҳо дар Ҳома маълум нест. Фирориён хабар доданд, ки рӯзи чаҳоршанбе дасти кам 17 сокини осоишта кушта шуданд.

Аз ин пеш Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар суханроние дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, гуфт, ки изҳороти ахири Шӯрои амният оид ба Сурия "чархиши муҳим дар талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои истиқрори сулҳ дар ин кишвар" хоҳад шуд.

Дар изҳороти Шӯрои амнияти СММ аз тарҳи пешниҳодҳои фиристодаи вижаи СММ ва Лигаи кишварҳои араб дар Сурия Кофӣ Аннан пуштибонӣ шудааст. Ин тарҳ оташбас, шурӯи музокироти сиёсии ҳукумат ва мухолифин ва иҷозаи вуруди ёриҳои созмонҳои башарӣ ба Сурияро дарбар мегирад. Ва аммо дар изҳорот гуфта шудааст, дар сурати иҷро нашудани ин тарҳ аз сӯи ҳукумати Башор Асад Димишқ мавриди таҳримҳои нав қарор мегирад.

Изҳороти Шӯрои амнияти СММ барои иҷро ҳатмӣ нест. Бар низоъ дар Сурия, ки як сол боз идома дорад, беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG