Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мераҳ даҳ соат боз бо полис гуфтугӯ накардааст


Полиси Фаронса ҳадс мезанад, ки шахси гумонбар дар куштори ҳафт нафар дар шаҳри Тулуза шояд кушта шуда бошад. Вазири умури дохилиии Фаронса Клод Геан гуфт, беш аз даҳ соат боз Муҳаммад Мераҳ, ки манзилаш аз рӯзи чаҳоршанбе дар муҳосира қарор дорад, бо кормандони полис вориди гуфтугӯ нашудааст. Ва аммо шабона аз бино садои тир шунида шуд.

Мақомоти Фаронса қаблан изҳор намуданд, ки мехоҳанд ин шаҳрванди алҷазоиртабори Фаронсаро зинда дастгир кунанд.

Муҳаммад Мераҳ, ки ба навиштаи расонаҳои Фаронса, дар Афғонистону Покистон тамрин дидааст, дар куштори се низомии фаронса, се толибилми мактаби яҳудӣ ва ҳохом дар шаҳрҳои Тулуза ва Монтобан гумонбар мешавад. Қаблан ӯ барои таслим розӣ шуда буд ва аммо баъдан ақидаашро тағйир дод.
XS
SM
MD
LG