Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ниҳодҳои интизомӣ барои таъмини суботу оромӣ дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз тадобири амниятиро шадидтар карданд.

Дар базмҳои наврӯзӣ, ки дар гӯшаҳои мухталифи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, ҳузури маъмурони пулис ба таври қобили мулоҳиза бештар аст.

Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин ниҳод шурӯъ аз 22-юми март дар ҳолати омодабош қарор мегиранд. Интизор меравад, чунин наҳваи фаъолият то 28-уми март идома кунад.

Ин манбаъ афзуд, ҳадафи аслӣ аз ҷорӣ шудани низоми омодабош ҳифзи тартибот дар шаҳрҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин дар амну субот баргузор шудани чорабиниҳои сатҳи ҳукуматӣ аст.

Тоҷикистон ба "Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012" ва "Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон" омодагӣ мегирад, ки аз 24 то 27-уми март дар шаҳри Душанбе бо ҳузури сарони Афғонистон, Эрон ва Покистон ва намояндагони дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ниҳоди дигари давлатӣ, Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ эълом кардааст, ки аз таърихи 23-юм то 25-уми март ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳое, ки маҳалли баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ аст, муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Наргис Туйчиева, сухангӯи БДА ба Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба ронандагони воситаҳои нақлиёт пешниҳод шудааст, ки дар ин рӯзҳо, ба хусус замони баргузории маҳфилҳои наврӯзӣ метавонанд аз дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе истифода кунанд, то мушкиле пеш наояд.

Рӯи даст гирифтани тадобири амниятӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ барои баргузории барномаҳои ҷашнии иди Наврӯз дар ҳолест, ки ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, ба хусус марзбонони тоҷик низ ҳифзи сарҳади давлатиро дар ин рӯзҳо тақвият бахшидаанд.

Он гуна ки Хушнуд Раҳматуллоев, сардори маркази матбуоти Идораи марзбонии Кумитиа амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, "бо он ки марзбонон ҳамеша дар дифои марзу буми кишвар омода ҳастанд, ҳамакнун дар ин рӯзҳои ид боз бештар ҳимояти марзро бар дӯш хоҳанд дошт. Ба ин манзур ҳайати марзбонон ба низоми шадиди хидмат даромадааст. Сафи марзбонон дар макони хидмат пурқувват карда мешавад."

Аммо бо ин ҳам он гуна, ки сухангӯи Идораи марзбонӣ мегӯяд, марзҳо боз ҳастанд ва ҳеҷ гуна маҳдудият дар рафту омади шаҳрвандон вуҷуд надорад.

Зимнан, тадобири амниятӣ аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон умдатан ба ҳангоми баргузории ҷашнҳои бошукӯҳ ва таҷлили иду санаҳои муҳим барои ин кишвар рӯи даст гирифта мешавад. Хусусан, ки Душанбе мизбони ду чорабинии вижа, "Наврӯзи байналмилалӣ -2012" ва Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон аст ва интизор меравад дар ин барномаҳо дар канори раисони ҷумҳури Афғонистон, Эрон, Покистон ва садҳо тани дигар намояндагон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат кунанд, иттихози тадобири амниятӣ як амри табиӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG