Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопону Корея воридоти нафти Эронро кам мекунанд


Ҷопон ваъда супурд, ки аз воридоти нафти Эрон “ба сурати қобили мулоҳиза” даст мекашад. Як рӯз пеш Амрико Ҷопону Кореяи ҷанубӣ ва 9 кишвари дигарро аз таҳти таҳримоти ҷадид алайҳи кишварҳову ширкатҳое, ки тиҷоратро бо Теҳрон идома медиҳанд, хориҷ кард. Дабири кобинаи вазирони Ҷопон Осума Фуҷимура гуфт, кишвараш минбаъд ҳам воридоти нафт аз Эронро коҳиш хоҳад дод. Мақомоти Кореяи ҷанубӣ гуфтаанд, дар мавзӯъи қатъи воридоти нафти Эрон даври нави музокирот бо Амрикоро дар пеш доранд. Ин мақомот мегӯянд, ҳаҷми воридоти нафт аз Эронро низ коҳиш хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG