Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми наврӯзии фарҳангиёни тоҷик


Шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанберо фоли нек арзёбӣ кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки зимистони имсола хеле сербарфу бориш ва сард омад. Ба ин далел Мамадшо Илолов, раиси Академияи Улуми Тоҷикистон зимни ироаи паёми наврӯзии худ ба РО гуфт, «таманнои аввалини ман ин аст, ки ҳар чӣ зудтар барфҳо об шаванд, то мардум битавонанд дар фазои гарму самимӣ Наврӯзи байналмилалиро ҷашн гиранд.»

Мамадшо Илолов, раиси Академияи Улуми Тоҷикистон
Мамадшо Илолов, раиси Академияи Улуми Тоҷикистон
Аммо ҳамзамон академик Илолов, бар ин назар аст, ки бо барф ворид шудани соли аҷдодӣ дорои хосияти хубест. Зеро ба таъкиди вай, барф агар сафедиву покӣ бошад, ҳамзамон баракати замин файзу нусрати хонадони тоҷик аст. Афзун бар ин ба таъкиди академик Илолов, дар шаҳри Душанбе таҷлил шудани «ҷашни байналамилалии Наврӯз - 2012» худ фоли неку арзанда аст. Ин амр на танҳо миллати моро ба ҷаҳониён бештар ошно кард, аммо обрӯ ва мартабаи байналмилалии Тоҷикистон низ боз болотар хоҳад рафт.»

Вай ибрози умедворӣ кард, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз битавонад рӯҳияи ватандӯстӣ ва сулҳу амонӣ дар миёни мардуми тоҷик ва ободиву шукуфонии сарзамини Тоҷикистонро бештар кунад.

Донишманди саршинос Муҳаммадҷон Шакӯрӣ аз он ифтихор дорад, ки «дар воқеъ мардуми ориёӣ ва ба вижа тоҷикон тавонистанд, беҳтарин ҳадя ва он ҳам Наврӯзро ба ҷаҳониён бидиҳанд.»

Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, «дар воқеъ аз он ифтихор дорам, ки дар замони ҷаҳонишавӣ - Наврӯз беҳтарин иқдоми ҷаҳонишавист ва мо тоҷикон ба ҷаҳониён ҷашни шодиву хурсандӣ, ҷашни эҳёи табиат, нав шудани ҳаёт ва суруру шодмониро ҳадя додем.»

Донишманди саршинос Муҳаммадҷон Шакурӣ
Донишманди саршинос Муҳаммадҷон Шакурӣ
Шакурӣ мӯътақид аст, ки «таҳти ҳимояти СММ қарор гирифтани ҷашни Наврӯз аз он дарак медиҳад, ки ҷаҳониён, мо - тоҷиконро бештар бо фарҳангу тамаддуни созандаву хайрхоҳ бишиносанд.»

Аммо ин донишманди тоҷик меафзояд, «бо он ки ду сол боз Наврӯз ҷашни байналмилалист, аммо дар асл ин ид дар тӯли қарнҳо тантанаи байналмилалӣ дошт. Зеро чандин миллату кишвари ҷаҳон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. На фақат Тоҷикистону Эрону Афғонистон, балки ҳама кишварҳои туркии Осиёи Марказӣ то Балкан, кишварҳое зиёде ба ҳамин ном, бо номи Наврӯз, ки вожаи форсӣ-тоҷикӣ аст, ҷашн мегирифтанд ва ид мекарданд.»

Муҳаммадҷон Шакурӣ таманнои онро дорад, ки «ин ҳадяи бебаҳо ва нодир мояи хушҳоливу нишот ва сарафрозиҳои тамоми мардумони ҷаҳон бошад.»

Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон низ моли тоҷикон будани Наврӯзро сарвати бебаҳо барои ин миллат медонад.

Вай мегӯяд, «ин ҷашн дар канори Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон бузургтарин ид аст. Дуруст аст, ки таърихи ҷашни истиқлол мушаххас аст, ки 9-уми сентябри соли 1991 аст. Вале бо он, ки санаи дақиқи Наврӯзро мушаххас кардан душвор ҳам бошад, аммо муҳим он аст, ки ин иди арзишмандро тоҷикон, аҷдодони мардуми Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд.»

Ҳамакнун бо мақоми байналмилалӣ касб кардани иди Наврӯз, бархе аз донишмандону олимон бар ин боваранд, ки мардуми тоҷик бояд рисолати таърихӣ ва азалии худро дар нисбати ин ҷашн дошта бошад.

Додхудо Саймиддинов, раиси кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар танҳо дар он сурат метавонад, рисолати худро дар қиболи Наврӯз иҷро кунад, ки «бояд як маркази наврӯзшиносӣ ташкил шавад, то масоили Наврӯз дар пояи илмӣ ҳамаҷониба баррасӣ шавад.»

Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик
Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик
Ҳамчунин ба таъкиди Саймиддинов «дар ҳар як ҷашни Наврӯз бояд дастовардҳои илмии донишмандони кишварҳои ҳамзамон ва минтақа дар Тоҷикистон муаррифӣ шаванд.»

Аммо Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик «Наврӯзро омили сарҷамъӣ ва муттаҳидии мардумони минтақа ва ҷаҳон ва омили ҷилавгирӣ аз ихтилофу низоъҳо медонад.

Вай мегӯяд, дар ҳоле, ки соҳибони ин ҷашн, назири Афғонистон ва Эрон дар шароити феълӣ рӯ ба рӯи мушкилот ва хатароти амниятӣ ҳастанд, Наврӯз метавонад, ки дар ҳалли мусолиматомези қазияҳои ин кишварҳо кӯмаку мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG