Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман як муаллими амрикоиро парронданд


Дар Таиз-дуввумин шаҳри бузурги Яман мардони мусаллаҳи номаълум як муаллими мактабро ҳадафи тир қарор додаанд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин муаллим савори мошини худ ба сӯе ҳаракат мекард ва дар ҳамин асно ду марди мототсикилсавор ба вай наздик шудаанд ва тир холӣ кардаанд. Қотилон маҳалли ҳодисаро тарк кардаанд. Муаллим муовини мудири маркази забони суедӣ дар Таиз будааст. Як мард, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, аз номи Ансор ал Шариаи ал Қоида масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG