Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ислоҳи системаи умури дохилиро оғоз мекунад


Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе тарҳи ислоҳи системаи умури дохилӣ ё милисаи Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бар пояи ин тарҳ номи милиса ба пулис иваз ва доираи вазифа ва салоҳиятҳои он мушаххас хоҳад шуд. Гуфта мешавад ин тарҳ шароитро барои аз байн бурдани шиканҷа ва фасод дар ниҳодҳои умури дохилӣ фароҳам ва шаффофияти кори онҳоро таъмин хоҳад кард. Дар баррасии тарҳ сарони Вазорати умури дохилӣ, намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, коршиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG