Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз ҳам дар шаҳри Душанбе борон меборад, то 13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам бориш пешбинӣ шудааст, ҳарорати ҳаво 7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Осмони шаҳри Қӯрғонтеппа низ абрист, борон меборад, ҳарорат то 17 дараҷа боло меравад.

Дар шаҳри Хоруғ низ борон дар назар аст, ҳаво то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳавои абрӣ дар назар аст, дар водии Ҳисор борон ва дар Тавилдараву Рашту Нуробод барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то 8 дараҷа гарм ва дар манотиқи кӯҳии шарқи Тоҷикистон то 2 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG