Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои телевизионӣ аз фурудгоҳи Хуҷанд тавзеҳот мехоҳанд


Раҳбарияти ширкатҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо” ва “Азия” аз раҳбарияти фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд хостаанд, ки ба моҷарои 4 март миёни кормандони амнияти фурудгоҳ ва шахсони номаълум бо рӯзноманигорон тавзеҳот диҳад. Ин афрод ба рӯзноманигорони ин шабакаҳои телевизионӣ фишор овардаанд ва нахостаанд, ки рӯзноманигорон дар фурудгоҳ саҳнаҳои норизоятии мусофирон ва шикояти онҳоро наворбардорӣ кунанд. НАНСМИТ хабар додааст, ки ин ширкатҳои телевзионӣ ба раҳбарияти фурудгоҳ номае фиристодаанд ва тақозо кардаанд, ки фурудгоҳ дар бораи чунин рафтор бо рӯзноманигорон тавзеҳот диҳад ва аз онҳо узр хоҳад. Рӯзноманигорон бо дархости мусофирон ба фурудгоҳ омадаанд. Мусофирон шикоят мекарданд, ки дар парвози ҳавопаймоҳо таъхир пеш омадааст.
XS
SM
MD
LG