Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Бохтар зани маккор ба даст афтод


Руқиямо Собирова-сокини 35 солаи ноҳияи Бохтар барои талоши суиқасд ба ҷони шавҳараш гумонбар дониста мешавад. Вай аввал аз шавҳараш 3 ҳазор доллар барои машғул шудан бо соҳибкорӣ пул гирифтааст, вале онро дар корҳои дигар сарф кардааст. Сипас аз ду нафари дигар ба маблағҳои 13 800 сомонӣ ва 3 695 сомонӣ қарз гирифтааст ва барнагардонидааст. Баъд аз мушкилтар шудани масъалаи қарз қасд кардааст, шавҳарашро ба қатл расонад. Барои ин кор вай аввал ба 700 доллар мардеро бо номи Каримов киро кардааст. Вале Каримов аз ин қасд даст кашидааст. Сипас Собирова марди дигарро бо номи Бахтиёр Шералиев пайдо мекунад. Ба вай 2,5 ҳазор доллар барои ин куштор ваъда медиҳад. Шералиев масъаларо ба пулиси ноҳияи Бохтар хабар медиҳад. Сипас худи кормандони интизомӣ дар нақши қотил ба Собирова “хидмат”-и худро пешкаш мекунанд ва гӯё дар яке аз рӯзҳо шавҳарашро “ба қатл” мерасонанд. Ба Собирова занг мезананд ва мегӯянд, ки фармоиш иҷро шудааст. Вале дар ин муддат шавҳари вайро дар пулис пинҳон мекунанд. Руқия рӯзи дигар аз “куштор”-и шавҳараш ба пулис хабар медиҳад. Вайро боздошт мекунанд ва парванда боз мешавад. Дар ин бора муовини додситони ноҳияи Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар додааст.
XS
SM
MD
LG