Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Филмҳои ватандӯстона офаред


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, имрӯз аз таҳиягарони синамои кишвар хост, ки ҳарчӣ бештар филмҳои ватандӯстона таҳия кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар бисёр филмҳои хориҷӣ талоши доништалабӣ, дӯстии ҳақиқӣ, муҳаббати самимӣ, ёрӣ ба ҳамдигар ва талоши одамон барои ободонии ватан инъикос намеёбад.

Нурсултон Назарбоев ин ҳарфҳоро баъд аз тамошои филми “Барои фардо” гуфт, ки дар он аз рӯзгори ҳаррӯзаи чанд узви созмони ҷавонони ҳукуматгарои “Болашак” қисса мешавад. Зимнан, “Болашак” бо пуштибонии мақомоти қудратӣ ба хотири мусодира ва нобудсозии филмҳои тақаллубии хориҷӣ ва филмҳо бо саҳнаҳои шаҳвату зӯроварӣ чанд амалиёт доир кардааст.
XS
SM
MD
LG