Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Резиши барф имрӯз ҳам идома хоҳад кард


Барф дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Барф дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз ҳавои шаҳри Душанбе абрист, каму беш борон меборад, то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд низ баъд аз зӯҳр ҳаво абрӣ мешавад, шом борон меборад, ҳарорати ҳаво то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам бориши борон дар назар аст, то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ резиши барф имрӯз ҳам идома хоҳад кард, ҳаво то 2 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳавои абрӣ дар назар аст, дар водии Ҳисор борон ва дар манотиқи шарқии Тоҷикистон барф меборад, ҳарорати ҳаво дар баъзе ҷойҳо то 9-10 дараҷа пойин меравад.
XS
SM
MD
LG