Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Дабири кулли СММ аз раҳбарони Сурия


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ҷаласаи Шӯроии Амнияти ин созмонро дар Нию Йорк ифтитоҳ кард ва аз Башор Асад-раиси ҷумҳури С3урия хост, ки “дар рӯзҳои оянда” тибқи пешниҳодҳои СММ ва Кишварҳои Ҷомеаи Араб амал кунад. Дар ҳамин ҳол, Алейн Жуппе-вазири корҳои хориҷаи Фаронса дар ин мулоқот тақозо кард, ки раҳбарони Сурия барои саркӯбии маргбори тазоҳуроти эътирозии мухолифон ба додгоҳи байналмиллалӣ кашонда шаванд. Вазири хориҷаи Фаронса ҳамчунин аз Русия ва Чин даъват кард, ки бо қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ, ки режими Сурияро барои ин хушунатҳо маҳкум мекунад, розӣ шаванд. Вазирони хориҷаи Русияву Амрико, Фаронсаву Британия ва Олмон дар Нию Йорк дар ин мулоқот масоили як соли Баҳори Арабро баррасӣ карданд. Интизор меравад, ки Сергей Лавров ва Ҳилларӣ Клинтон-вазирони хориҷаи Русияву Амрико мулоқоти алоҳида анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG