Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти нирӯҳои Сурия дар Идлиб


Дар пешорӯи мулоқоти дувуми фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Аннон бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад нирӯҳои Сурия ба амалиёт дар вилояти шимолии Идлиб идома медиҳанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, нирӯҳои давлатӣ ба рустои Ҷиср-аш-Шуғур ҳамла бурда, ба ҷустуҷӯву боздоштҳо пардохтаанд. Ба гуфтаи фаъолон, фақат дирӯз дар ин вилоят дастикам 60 нафар кушта шуданд. Асад дирӯз дар дидор бо Аннон ҳар навъ муколамаи сиёсиро то замони фаъолияти “гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ” радд кард. Аннон, ки барои ахзи оташбас ва дастрасии бештари созмонҳои имдодӣ ба нуқоти доғ талош дорад, аз вазъи Сурия изҳори нигаронии амиқ кардааст.
XS
SM
MD
LG