Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар Ҳумси Сурия аз сар гирифта шуданд


Аз субҳи рӯзи ҷумъа дар минтақаи Ҳумси Сурия даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва низомиёни ҷониби мухолифин гузашта дубора шурӯъ шуданд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, задухӯрдҳо дар канори шаҳрҳои Ростон ва Ал-Қусайр идома доранд.

Имрӯз мухолифини ҳукумати Башор Асад аз мардум даъват намуданд, ки баъд аз намози ҷумъа дар намоишҳои эътирозӣ гирди ҳам оянд.

Аз ин пеш Кофӣ Аннан, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб оид ба Сурия хостори ҳалли дипломатии ин низоъ шуд ва аз паёмадҳои ногувори интиқоли силоҳ ба ошӯбгарони суриягӣ ҳушдор дод. Ба гуфтаи ӯ, мусаллаҳсозии мухолифин вазъро печидатар месозад.

Ба иттилои СММ, дар як соли хушунатҳо дар Сурия беш аз ҳафту ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG