Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати давлатҳои араб ба таъини ҳуқуқи ҳамҷинсбозон


Ҳайатҳои давлатии кишварҳои араб ва Африқо ҷаласаи таърихии Шӯрои ҳуқуқибашари Созмони Милалро, ки ҳуқуқи ҳамҷинсбозонро баррасӣ мекард, ба нишони эътироз тарк карданд. Онҳо гуфтанд, мухолифи қонунӣ кардани ҳамҷинсбозиянд. Эътирози онҳо дар ҳоле иттифоқ афтод, ки шӯрои иборат аз намояндагони 47 давлат бори аввал табъиз ва хушунати зидди тамоюлҳои ҷинсиро баррасӣ мекард. Моҳи июни соли гузашта шӯро бо фарқияти ками раъйҳо қатъномаи зидди хушунати ҷинсиро ба тасвиб расонд. Покистон, Арабистони Саудӣ ва Русия дар миёни мухолифони ин санад буданд. Аз 192 кишвари узви СММ 76 кишвар ҳамҷинсбозиро ҷиноят мешуморанд ва дар панҷ давлат, аз ҷумла Эрон, он ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG