Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ мухолифи хушунат бар зидди занон дар Афғонистон аст


 Георгет Кагнон
Георгет Кагнон
Имрӯз дар саросари ҷаҳон аз Рӯзи байналмиллалии занон таҷлил ба амал меояд. Дар Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ бо ибтикори раиси ҷумҳур 8 март Рӯзи Модар эълон шудааст ва ҷашни расмӣ шинохта мешавад. Дар остонаи ин ҷашн хонум Георгет Кагнон-намояндаи ҳуқуқи башари СММ барои Афғонистон аз ҳукумати ин кишвар хост, ки қонунҳои ин кишварро дар бораи қатъи хушунат бар зидди занон иҷро кунад.

Хонум Георгет гуфт, ин қонун дар соли 2009 ба тасвиб расидааст ва он арусии иҷборӣ, дар хурдсолӣ ба шавҳар додани духтарон ва бо ҳадафҳои ҳали баъзе моҷароҳои хонаводаӣ ба шавҳар додани занону духтарон ва ё фурӯхтани онҳоро мамнӯъ кардааст.

Вале хеле кам ба назар мерасад, ки ин моддаҳои қонун дар Афғонистон иҷро шуда бошад. СММ мегӯяд, хушунат бар зидди занон дар Афғонистон падидаи маъмулист ва ҳукумати ин кишвар ба чунин падидаҳо бетафовутӣ нишон медиҳад.

Ин изҳороти СММ дар ҳоле пахш шуд, ки як рӯзи пеш Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз эъломияи Шӯрои Уламои ин кишвар ҳимоят кард. Дар ин санад баъзе аз ҳуқуқҳои занони ин кишвар маҳдуд шудааст. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки занону мардон ҳангоми кор набояд дар як ҷо биншинанд ва духтарону писарон набояд дар як синфхона таҳсил кунанд. Ҳамчунин ҳангоми берун рафтани зане бояд як марди хонавода вайро ҳамроҳӣ кунад.
XS
SM
MD
LG