Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди "нуқта"-ҳои фаъолияти танфурӯшон дар кишвар камтар шудааст.

Ғайратшо Иззатов, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ гуфт, ҳафтаи гузашта дар ҷараёни рейди муштараки ниҳодҳои масъул танҳо як мард, ки хонаашро ба занҳои танфурӯш ба иҷора додааст, боздошт шуд. Ҷаноби Иззатов мегӯяд, теъдоди ҷиноятҳои зидди ахлоқ, дар қиёс бо солҳои пеш камтар шудааст.

Аммо ба гуфтаи як маъмури амниятии кишвар, ки нахост номаш зикр шавад, ин коҳиш бештар ба тағйири шакли кори занҳои танфурӯш бастагӣ дорад, то ба солимшавии фазои ахлоқӣ. Вай гуфт, сабукпоён акнун “муштариҳо”-и худро бо "метод"-ҳои нав, аз ҷумла телефони мобил, имейлу интернет ё машваратҳои пинҳонии созмонёфта пайдо мекунанд. Вале барои Сайёраи 22-сола ва дугонаҳои ӯ, ки ҳанӯз роҳ ба сӯи интернетро фатҳ накардаанд, кӯчаҳои дур аз марказ ҳамоно ҷойи пулкоркунӣ боқӣ мемонад.

"МУЗДИ МОРО НАМЕДИҲАНД..."

Мо Сайёраро дар яке аз хиёбонҳои ҳошиявии шаҳр ҳангоми муноқиша бо як “муштарӣ” пайдо кардем. Ҷанҷол бо садои баланду дашном ҷараён мегирифт. Саҳнаи даргирӣ чанд қадам дуртар аз мо буд ва мӯҳтавои ҷанҷолро низ фаҳмидан душвор набуд. Ин марди “дӯстдори тафреҳи сарироҳӣ” аз хидмати Сайёра истифода карда, аммо пулашро надодааст. Мо дар ҳоле ба Сайёра наздик шудем, ки он мард бидуни пардохти пул ва бо ҳақорат аз майдон дур шуд. Ин хонуми 22-сола, ки шояд ҳаққи худро аз “муштариҳо” борҳо бо ингуна ҷанҷол рӯёнидааст, хеле асабонӣ буд. Вай гуфт, "ҳамин бача пули маро надод. Истифода мекунанду пул намедиҳанд. Аз дасти ман чӣ меояд? Боз мегӯянд, бо хоҳиши худат омадӣ, рав."

Таҷрибаи Сайёра дар руспигарӣ (фоҳишагӣ) чандон тӯлонӣ нест. Шояд чизе бештар аз ду сол. Ӯ дар як шаб ҳудуди 100 сомонӣ ба даст меорад ва ба гуфтаи худаш дар бисёр маврид ҳаққи худро аз муштариҳо бо ҷанҷол мерӯёнад. То пой гузоштан ба ҷодаи хатарноки танфурӯшӣ Сайёра дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхт кор мекард ва моҳона 600 сомонӣ мегирифт. Аммо соҳиби муассиса муфлис шуд ва ӯ ҳам ҷойи корашро аз даст дод.

Сайёра ду фарзанд дорад ва дар Душанбе иҷоранишин аст. Ӯ аз як вилояти кишвар ба Душанбе омадааст. Иҷорапулӣ, харҷи хӯроку либос ва маоши зане, ки дар дар “соатҳои корӣ”-и Сайёра ба бачаҳои хурсоли ӯ доягӣ мекунад, аз ҳамин ҳисоб пардохт мешавад.

ТАНФУРӮШӢ АЗ НОЧОРӢ?

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар ин хиёбон Сайёра танҳо набуд, якчанд духтари дигар ҳам дар канори роҳ бо умеди пайдо кардани "муштарӣ" истода буданд. Сӯҳбати мо бо Сайёра ҳисси кунҷкобии онҳоро боло бурд, ки "раҳпоӣ"-ро қатъ карда, сӯи мо омаданд. Аммо, бархе аз онҳо бо дидани микрофон дарҳол ба ҷойи аввали худ баргаштанд. Бархи дигар мехостанд бидонанд, ки мо аз онҳо чӣ мехоҳем. Дар ҳоле ки Сайёра беибо дар микрофон сӯҳбат мекард, дигарон бо ҳарос гап мезаданд. "Аз ин корҳо розӣ нестем, аммо чӣ кунем? Агар як марди асил пайдо шаваду хӯронад, безорем аз ин роҳ",-илова кард ӯ.

"Ҳамкор"-и дигари Сайёра худро Ҷамила муаррифӣ карда ва гуфт, аз ноҳияи Қумсангир ба Душанбе омадааст. Ӯ 20 сол дорад ва модари бачаи шашмоҳа аст. Аз тарзи сӯҳбат ва чеҳрааш намудор буд, ки танфурӯширо акнун таҷриба мекунад. Ӯ ба хонаводаи худ дурӯғ гуфтааст, ки барои кор ба Душанбе меравад. Аммо худаш аз аввал медонист, ки барои чӣ ба пойтахт меояд. "Ман 15-16 рӯз шуд, ки ба ин кор сар кардам. 150 сомонӣ иҷорапулӣ месупорем. Як идда мардон пешакӣ пулашро медиҳанд ва баъд мебаранд, аммо иддаи дигар мегӯянд, ки мебарем, баъд медиҳем. На ҳамеша пул медиҳанд",-- гуфт ӯ.

Ҷамила гуфт, ҳеч бовар надошт, ки рӯзе дар канори ҷода ба танфурӯшӣ даст мезанад, зеро дар мактаб талабаи аълохон буд ва умед дошт, ба Душанбе танҳо барои таҳсил меояд, на кори дигар. Аммо волидони ӯ, ки барои таҳсилаш пул надоштанд, Ҷамиларо ба марди ҳамдеҳа ба занӣ доданд. Дар аввал зиндагии хубе дошт. Шавҳараш дар муҳоҷират буд ва ба ӯ кӯмак мекард. Вале рӯзе ҷасади шавҳарашро аз Русия оварданд ва пас аз 40 рӯз хонаводаи шавҳар ба ӯ гуфтаанд, ки ҷавон аст ва аз пайи зиндагии худ шавад.

МӮЙКАНӢ БАРОИ "МУШТАРӢ"

Маҳмадулло Асадуллоев

Маҳмадулло Асадуллоев

Ӯро як ҳамдеҳаи дигараш, ки дар ҷодаҳои Душанбе "кор" мекунад, вале касе инро дар деҳа намедонад, ба танфурӯшӣ ташвиқ кардааст. Ҷамила мегӯяд, сабқат дар байни танфурӯшҳои кӯчагӣ хеле тезутунд аст ва гоҳо даъво бар сари ба гуфтаи ӯ "клиент" ба занозаниву рӯйкашиву мӯйкании фоҳишаҳо мерасонад.

Мардҳои савори мошинро аз ин мӯкавишу рӯкании хонумҳои хиёбонӣ "хуш" меояд ва онҳо аз худрав пойин шуда саҳнаи задухӯрдро бо завқ тамошо мекунанд. Сайёра, Ҷамила ва ҳамтоҳои дигари онҳо, аз танфурӯшҳои арзонтар буда, бештар дар кӯчаҳо пул кор мекунанд. Аммо гурӯҳҳои дигаре низ ҳастанд, ки асосан аз духтарони соҳибмаълумот иборатанд ва маъмулан бо муштариҳои пулдор дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо "кор мекунанд". Дар миёни онҳо заноне низ ҳастанд, ки зиндагии кам ё беш рӯ ба роҳ, шавҳар ва оила доранд. Онҳо мегӯянд, дар ягон ҷо монанди ин пеша даромад ба даст оварда наметавонанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз танфурӯшӣ дар кишвар соле чанд бор рейд баргузор мекунад ва фоҳишаҳои кӯчагиро ба идораи пулис мебарад. Пулис ин занҳоро иҷборан аз ташхиси тиббӣ мегузаронад, то гирифтории онҳо ба маризиҳои сироятиро ташхис кунад. Аммо худи духтарҳо мегӯянд, барои кор дар кӯча ба нафарони мушаххас дар пулис пул медиҳанд.

ҒАЙРИАХЛОҚӢ, НА ҒАЙРИҚОНУНӢ

Танфурӯшӣ дар Тоҷикистон амали ғайриахлоқӣ ба шумор меравад, на ғайриқонунӣ. Танфурӯшӣ ё рӯспигарӣ дар қонунҳои Тоҷикистон ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шуда, тибқи моддаи 130-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, нафари танфурӯш аз 400 то 800 сомонӣ ҷарима мешавад. Ба истиснои сабукпоӣ, ки қонун барои ин ҳолат ҷазо пешбинӣ накардааст. Фақат алайҳи онҳое парвандаи ҷиноӣ боз мешавад, ки агар бо таъсиси фоҳишахона ва ҷалби занон ба он муттаҳам шуда бошанд.

Ҳамагӣ чанд сол пеш Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки то 3 000 зани танфурӯшро ба қайд гирифта, алайҳи 1000 ташкилкунандаи фоҳишахонаҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба эътиқоди соҳибназарон, теъдоди воқеии занони танфурӯш дар Тоҷикистон аз арқоми мақомоти расмӣ ба маротиб бештар аст. Маҳмадулло Асадуллоев, сӯхангӯи ВКД мегӯяд, аксари занони танфӯруш ҳангоми боздошт шудан ному насаб ва маҳалли зисти худро пинҳон медоранд. Онҳо ҳатман аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва онҳое, ки ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифторанд, маҷбуран ба муолиҷа фиристода мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG