Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурони амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод як занро ба гумони даллагӣ боздошт кардаанд.

Ин зан, ки номаш гуфта намешавад, чанд зани дигарро ба танфурӯшӣ ба қочоқчиёни афғон, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди ин ноҳия ба сар мебурдаанд, ҷалб кардааст.

Аскаршоҳ Наврӯзов, сардори шӯъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар
Хонум Муродова
аз қавли модари ин духтар мегӯяд, ӯро тариқи дору беҳуш намуда, ба он сӯи
марз бурдаанд ва ҳамин тариқ се моҳ дар он ҷо дар хонаи як марди афғон ба сар бурдааст...
ноҳияи Шӯрообод бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳамчунин дар пайи як амалёт нӯҳ зани дигарро боздошт кардаанд, ки ба қочоқбарони афғон танфурӯшӣ намуда, аз макони будубоши онҳо ба мақомот хабар надодаанд.

Ба гуфтаи Наврӯзов, занҳои боздоштшуда сокинони ин ноҳия набуда, балки аз дигар манотиқи Тоҷикистон онҳоро як ронандаи мошини мусофиркаш, ки феълан ӯ ҳам боздошт шудааст, ба ноҳия оварда ва ба ихтиёри қочоқчиён месупурдааст: «Аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд, аз Шӯрообод не. Ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амният ҳастанд ва парвандаашон дар додситонии минтақа мавриди санҷиш қарор дорад»,-гуфт ӯ.

Аз миёни ин занҳои боздоштшуда, ба қавли мақомот, як нафараш ҳатто марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба Афғонистон рафтааст. Ин занҳо чӣ гуна ба ин минтақаи марзӣ бурда шудаанд, то ҳанӯз маълум нест.

Аммо Гулчеҳра Муродова, корманди созмони иҷтимоии «Шаҳрванд» мегӯяд, модари яке аз боздоштшудагон ба онҳо муроҷиат карда гуфтааст, ки духтараш ба доми фиреби одамрабоён афтода будааст. Хонум Муродова аз қавли модари ин духтар мегӯяд, ӯро тариқи дору беҳуш намуда, ба он сӯи марз бурдаанд ва ҳамин тариқ се моҳ дар он ҷо дар хонаи як марди афғон ба сар бурдааст.

Барои аввалин бор аст, ки иддае аз занон барои танфурӯшӣ бо қочоқбарони афғон боздошт мешаванд. Дар кадом ҳолат ин занҳо боздошт шудаанд, маълум нест, вале тайи 6 моҳи ахир дар пайи амалиёти мақомоти интизомӣ, 3 қочоқбар кушта шуда, аз онҳо силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир мусодира шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG