Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Донишҷӯён торнамои "Озодӣ"-ро таҳқиқ мекунанд


Як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бораи ороиш, бахшҳо ва мавзӯъҳои торнамои "Озодӣ" кори илмӣ менависанд.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар пажӯҳишҳои илмии худ торнамоҳои хабарии кишварро, ки ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд, меҳвар қарор додаанд. Натиҷаи ин пажӯҳишҳо собит кардааст, ки торнамои "Озодӣ" аз лиҳози мӯҳтавои матолиби хабариву таҳлилӣ, саривақт расондани иттилоъ, забон, аксу видео ва дизайн дар миёни дигар торнамоҳо бартарӣ дорад.

Ин донишҷӯён, ки мехоҳанд оянда мутахассиси соҳаи технологияи иттилоотӣ ва ороишгар шаванд, бештар дар пажӯҳишҳои худ рӯ ба сомонаҳои интернетӣ ва бахусус торнамои РО овардаанд. Афзун бар ин, ба таъкиди онҳо матолиби фаровон ба забони тоҷикӣ ва дастрасии ба он сабаб шудааст, ки ин сомонаҳоро ба чолиши илмӣ бикашанд.

Нилуфар Рустамова, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки дар мавзӯъи «Сохт ва таркиби сомонаи Радиои Озодӣ» кори курсӣ ва ё пажӯҳиши илмӣ навиштааст. Нилуфар мегӯяд, вай кори илмиашро дар шакли слайд сохтааст, ки дар он сохт ва таркиби сомонаи Радиои Озодӣ таҳлилу баррасӣ шудааст.

Нилуфар гуфт: «Сохт, таркиб ва фарогирии мавзӯъ ва мундариҷаҳо мутобиқ мебошанд. Сомонаи мазкур бахшҳои зеринро дар бар мегирад: бахши Тоҷикистон, ҷаҳон, Осиёи Марказӣ, сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш ва ҷавонон. Ҳамчунин ҳар як бахш аз зермавзӯъҳо иборат мебошад, ки хабару мақолаҳои ба шакли электрониву шифоҳӣ ва тасвирӣ пешниҳод карда мешаванд.»

Мӯҳтавои матолиб, ба хусус матолиби иқтисодии сомонаи РО низ аз мадди назари донишҷӯёни донишгоҳи технологии Тоҷикистон дур намонда ва Фарзонаи Сафарзода ба таҳқиқи «Мавзӯҳои иқтисодии сомонаи РО» машғул шудааст. Вай дар бораи аҳамияти ин мавзӯъ чунин назар дорад: «Муҳимтар он аст, ки ҳар як мақолае, ки оид ба иқтисодиёт пешниҳод мешавад, мавриди муҳокимаи муштариён ё худ хонандагони сомона қарор мегирад. Яъне ин гувоҳи он аст, ки масъалаҳои иқтисодии кишвар дар сомона пурратар ва муфаcсалтар таҳлил мешаванд.»

Аммо Алишери Ашӯр, донишҷӯи дигари Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бештар дизайнер ва ё ороиши сомонаи РО ба худ ҷалб карда ва «Дизайни сомонаи Радиои Озодӣ» мавзӯи кори илмиаш аст. Алишер бар ин назар аст, ки дизайни сомонаи Радиои Озодӣ бо маҳорати хосе сохта шудааст, ки ба мӯҳтавои матни хабару гузоришҳо ва матолиби таҳлили он тавъам аст.

Аммо бо ин вуҷуд Алишер ба коргарони бахши дизайни сомонаи Радиои Озодӣ пешниҳод дорад, ки новобаста аз матни хабарӣ ё гузориши таҳлилие, ки ба кадом бахши сомона тааллуқ дорад, бояд аксҳои қаҳрамонони матолиб пай ҳам оварда шаванд, то хонанда ба чеҳраи онҳо шиносоӣ пайдо кунад.

Ҳамзамон Алишер афзуд: «Камбуди дигар ин скачат ё худ беруноварии мавод аз ин сомона мебошад. Ин камбуд ҳам бисёртар дар мавриди беруноварии аксу видео ва аудиоии он мебошад. Агар ҳамин мушкилиҳо бартараф мешуданд, барои мо истифода барандагон бисёр хуб мешуд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки пажӯҳиши илмии донишҷӯён бо раҳнамоӣ ва раҳбаладии устодони Донишгоҳ ҷараён мегирад ва Нурмуҳаммад Одинаев, устоди донишгоҳ бар ин назар аст, ки сомонаи Радиои Озодӣ дар воқеъ ба дарди умум мехӯрад. Зеро ба таъкиди вай, сомона ҳама мавзӯъҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва варзиширо ба таври воқеъбинона матраҳ мекунад.

Маҳз ҳамин матолиб, ба гуфтаи устод Одинаев, барои донишҷӯёни пажӯҳишгар хеле зарур мебошанд: «Масалан мо дар факултети иқтисодӣ чор-панҷ мавзӯъ медиҳем, дар мавзӯъҳои иқтисодӣ. Кадом иқтисоддонҳо иштирок карданд, кадом масъаларо баррасӣ карданд, сатҳи забондонияшон чигуна аст, кадом истилоҳоти иқтисодиро истифода бурданд. Яъне ин ба мо бисёр мавод медиҳад.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар муддати беш аз як соли ахир 15 мавзӯи илмӣ дар бораи сомонаи Радиои Озодӣ тавассути донишҷӯёни ин муассисаи олӣ пажӯҳиш шудааст. Ин масъулон мегӯянд, минбаъд низ паҳлӯҳои дигари фаъолияти сомонаи РО мавриди пажӯҳиши донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG