Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Росташро фаҳмида, худатонро ба нодонӣ назанед..."


Баррасии таҳаввулоти марбут ба муҳоҷирони тоҷик аз тарафи хонандагони торнамои мо дар Мой мир ва Фейсбук.

Ҳар яки Шумо метавонед, фикру андешаи худро дар бораи мавзӯъҳои доғ ё матолиби торнамои Озодӣ аз тариқи шабакаҳои Фейсбук, Мой мир, Твиттер ва Ютюб низ ба мо расонед. Аз ҳар нома ва паёми шумо шод мешавем. Онҳоро дар барномаи радиоӣ ва торнамо ва ҳамчунин тарҳрезии кори худ истифода мекунем. Биноан, гумон накунед, ки агар дар ҳошияи маводи мо дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ назаре навиштед, касе онро нахоҳад хонд ва ё он аҳамияте
Мо тоҷикони Челябинск аз рафтори Русияи бузург дар ҳайратем, ки барои як нафар шаҳрвандаш ин рафторе мекунад, ки ба бузургиаш муносиб нест...

нахоҳад дошт. Хеле ва хеле аҳамият дорад. Дар содатарин ҳолат ҳам, навиштаҳои Шумо муҳиманд, ки аз ҷамъ ва танзими онҳо вазъи умумӣ ва манзараи бузургтаре ба чашмҳо аён мешавад.

Барои намуна, дар робита ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Гулсифат Зиёева менависад: “Ман сокини шаҳри Ваҳдат айни ҳол дар Москав кор мекунам. Ваъзияти халки точик вазнин аст. Айни ҳол дар дили мардум ваҳму тарс ҷой гирифтааст. Намедонем оянда чӣ мешавад.”

Хонандаи дигар, Сӯҳроб Мирзошоев суол мегузорад: “Росташро фаҳмида, худатонро ба нодонӣ назанед. Мефаҳмед, ки дар ҳама вазъият мардуми оддӣ ва меҳнаткаш азоб мекашад. Дар Тоҷикистон ба ин масъала чӣ баҳо медиҳанд?”

Сӯҳроби азиз, на ҳама чиз дар қазия рӯшан аст ва мо ба хотири ифшои ҳақиқату огаҳии мардум ҳамаи талошро мекунем. Ба пурсиши Шумо, ки “дар Тоҷикистон ба ин масъала чӣ баҳо медиҳанд”, посух ин аст, ки агар сарони кишварро дар назар доред, онҳо ҳанӯз ақидаи худро баён накардаанд. Дар ин бора мо як матлаб ба нашр расондем. Вале агар мардумро дар назар доред, андешаҳои таҳлилгарон ва хабари таъсиси як гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон, изҳориназарҳои видеоиро нашр кардем. Даъватҳо ба изҳори андешаро идома хоҳем дод.

Зафар Каримов менависад, “вазъи мо рӯз аз рӯз вайронтар шудааст. Ин президенти мо чӣ фикр кардааст, ки бифорадаш, бо
Ба фаҳмиши ман қазия ин аст, ки як лётчики русро дар Тоҷикистон барои нақзи қонун боздошт кардаанд. Ҳама дар назди қонун бояд баробар бошанд...

ҳамин одамоне, ки дар ғарибӣ ҳастанд боз биёянд ба Тоҷикистон, боз як ҷанги бародаркуш ташкил кунанд. Нав Тоҷикистон камак соз шуд. Як илоҷ кунед. Фикри халқи бечораро дар ғарибӣ фаҳмед, халқ чӣ азоб кашидааст.”

Аммо Бобо Турсунов назари дигар дорад: “Салом. Оиди вазъи муҳоҷирон дар Челябинск холо хуб аст. Гарчанде овозаҳое ҳаст, ки қапоқапи тоҷикон оғоз мешавад. Мо тоҷикони Челябинск аз рафтори Русияи бузург дар ҳайратем, ки барои як нафар шаҳрвандаш ин рафторе мекунад, ки ба бузургиаш муносиб нест. Барои чи Русияи бузург аз ИМА дархости Бутро талаб намекунад?”

Ба навиштаи Муҳаммад Эҳсонов вазъи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар ҳоли ҳозир хуб аст, аммо маълум нест, чӣ мешавад, зеро халқи рус тоҷикбадбин мешавад. Чизе шуд, менависем. Мо бо шумоем Радиои Озодӣ.”

Ташаккур аз Муҳаммади азиз, аммо аз ҳамин Санкт-Петербург Умедҷон Маҳмадуллоев дар шабакаи Мой Мир навишт: “Ман дар Петербург. Дар ҳамин ҷо ҳам депорт сар шуд.” Ду иттилои хилофи ҳам. Шояд хуб аст, бештар бинависанд ва бо факту далелҳо.

Хабари ногуворро Акрамхон Аброров фиристодааст: “Мо шаҳрвандони тоҷик, ки дар шаҳри Қазон иқомат дорем, чанд рӯзе то ором шудани вазъият, маҷбурем ки аз хона набароем. Имрӯз ба воситаи телефон аз баъзе рафиқонам шунидам, ки ҳатто аз роҳ ҳам тоҷикҳоро пайгирӣ кардаанд. Дар бозорҳо гашта намешавад, "АБЛАВА" карда истодаанд.”

Вай афзудааст, “мехостам миннатдории худро нисбати шумо ва барои саъю кӯшиши зиёд ба ҷаноби М. Кабирӣ
Ду рӯз қабл ду автобус тоҷикро, ки 14 нафари онҳо дар магазини “Народная” расман кор мекардаанд депорт кардаанд...

расонам. Худованд ба шумо барори кор тани сиҳату ризқи бобарор диҳад ва аз хамаи балоҳои замину осмонӣ нигаҳбон бошад.”

Ташаккур. Мо ҳам дуо мекунем. Дар ҳаққи ҳамаи мусофирони ғарибон, ки имрӯз бепаноҳии онҳо ошкор шуда ва танҳо умед аз Худованд доранд. Ин андешаро Расул Таваккалов навиштааст ва мегӯяд, 100 муҳоҷири тоҷик боздошт шудаву маълум нест, чӣ теъдод аз онҳо ихроҷ хоҳанд шуд.

Алишер Гадоев аз торнамои Радиои Озодӣ имейли моро пайдо кардаву навиштааст, ки “ба фаҳмиши ман қазия ин аст, ки як лётчики русро дар Тоҷикистон барои нақзи қонун боздошт кардаанд. Ҳама дар назди қонун бояд баробар бошанд. Дар ин ҷо ҳамаи онҳое, ки “нелегал” ҳастанд, аз рӯи қонун ба кор қабул карда намешаванд, вале ман мебинам, ки бисёре аз кордиҳандаҳо кормандони қонунии худро барои тоҷик буданашон аз кор берун карданд. Бояд роҳи ҳалли мушкил дарёфт шавад.”

Ва дар ин байн вазъи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург як андоза рӯшан шуд. Азиз Хошоков навишт, ҳамин чанд дақиқа пеш банда бо яке аз шоҳидони депорт кардани ду автобус тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербург сӯҳбат кардам. Мулло Наврӯз аз ноҳияи Бохтар хабар дод, ки ду рӯз қабл ду автобус тоҷикро, ки 14 нафари онҳо дар магазини “Народная” расман кор мекардаанд депорт кардаанд, яъне рӯзи дуюми паҳн шудани хабари ҳабси ду нафар халабон дар шаҳри Қӯрғонтеппа фақат дар як магазин ба даххо точик зарба зада, онхоро ба қатори бекорони доимӣ дохил кардааст ва ин яке аз он тоҷикгирии рузхои охир аст. Ҳамон ду руз қабл, яъне рузи ҷумъаи таърихи 11-уми моҳи равон дар як шӯъбаи корҳои дохилии Ярославскии шаҳри Москва 17 нафар тоҷик, як нафар узбак ва як бомжи русзабон боздошт гардида буданд. Аҳсант ба суду прокурори Қӯрғонтеппа бо ин хизмати хирсонаашон!”

Мо ин ҷо фикур ақидаи хонандагонро бетағйир нашр кардем ва умедворем, онҳо ташвиқ шаванд ва бештару бештар аз тариқи шабакаҳои Фейсбук, Мой мир, Твиттер ва Ютюб бо мо дар тамос шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG