Пайвандҳои дастрасӣ

Даст ёфтани Владимир Путин ба давраи севуми раёсатро кишварҳои ҳамсоя истиқбол карданд, вале кишварҳои Ғарб пиромуни гузоришҳо роҷеъ ба тақаллуб ва беадолатӣ дар интихоботи 4 март изҳори нигаронӣ мекунанд. Раҳбарони кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо табрики Путин изҳори умед кардаанд, ки ҳамкорӣ бо Маскав дар аҳди нави раҳбарии ӯ ба ин манотиқ субот хоҳад овард. Раҳбарони Чину Афғонистон ва ҳамин тавр, раисиҷумҳурони кишварҳои шарики Русия – Венесуэла ва Сурия – пирӯзиро ба Путин муборак гуфтанд. Аммо мақомоти Бритониёву Фаронса ва Олмон зимнан ба нозирони байналмилалӣ ишора мекунанд, ки мегӯянд, манобеъи давлатӣ ба хотири тақаллуби интихобот ба фоидаи Путин сӯиистифода шуда, дар интихоботи Русия рақобати воқеъӣ мушоҳида намешуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG