Пайвандҳои дастрасӣ

Путин аз шаҳди пирӯзӣ ашки шодӣ рехт


Владимир Путин дар рӯбарӯи ҳазорон тарафдорони худ ашки шодӣ рехта, аз онҳо барои ҳимояташон сипосгузорӣ кард.

Владимир Путин дар рӯбарӯи ҳазорон тарафдорони худ ашки шодӣ рехта, аз онҳо барои ҳимояташон сипосгузорӣ кард.

Бино ба натиҷаи аввалияи интихоботи Русия Владимир Путин бештар аз 64%-и раъйи мардумро ба даст овардааст.

Геннадий Зюганов, раҳбари коммунистҳои Русия бо 17 дарсад дар мақоми дуввум қарор дорад. Михаил Прохоров, сарватманди рус ва Владимир Жириновский, раҳбари ЛДПР ҳафтдарсадӣ ва Сергей Миронов, раиси Ҳизби “Русияи боадолат” камтар аз 3,67 дарсад раъй гирифтаанд.

Шумориши оро (овозҳо) дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба поён нарасидааст. Бино ба гузориши нозирони мустақили интихоботӣ, нақзи қонунҳои интихоботӣ дар ин ду шаҳр бештар ба мушоҳида расидааст. Путин дар шаҳри Маскав тақрибан 50 дарсад раъй гирифтааст, ки камтар аз шаҳрҳову вилоятҳои дигари Русия мебошад.

Дар Чеченистон ба ҷонибдорӣ аз Путин 99,8 дарсад раъй додаанд. Нозирони мустақили интихоботӣ бо такя ба рақамҳои худ мегӯянд, Путин дар асл каме бештар аз 50 дарсад раъй гирифтааст. Камераҳо ё дурбинҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳе аз мардон ё занон дар ҳавзаҳои интихоботӣ ошкоро даста-даста варақаҳои раъйро ба сандуқҳо меандозанд. Ин лаҳзаҳо ба вижа дар ҷумҳурии Доғистон мушоҳида шудааст. Бо кӯмаки чунин камераҳо, ҷараёни раъйдиҳӣ ба таври мустақим аз тариқи интернет пахш мешуд ва мардум ин саҳнаҳоро мушоҳида мекарданд.



Навори мазкур, ки аз шабакаи Youtube ва соири шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, Кумиссиюни марказии интихоботии Русияро маҷбур сохт, то натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ин ҳавза, яъне дар шаҳраки Трумовкаро ботил эълон кунад. Мақомоти расмӣ ин намунаро эътироф карданд, вале иддао доранд, ки ин намунаи ягона аст.

Станислав Говорухин, раҳбари маъракаи интихоботии Путин ин интихоботро “дар таърихи Федератсияи Русия поктарин интихобот” арзёбӣ кард ва гуфт, иддаои мухолифон дар бораи тақаллуб дар интихобот “хандаовар” аст. Вай бо ишора ба тақаллуб чунин гуфт: “Ин дарсадии хеле ночиз аст. Дар ҳар кишвари муттамаддин чунин интихобот одилонаву боэътибор дониста мешавад.”

Бо вуҷуди чунин эътирозҳои Говорухин, наворҳои видеоӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия саҳнаҳои дигари даста-даста андохтани баргаи раъй ба сандуқҳоро нишон медиҳад,
Гузашта аз ин, нозирони маҳаллии интихоботӣ чунин намунаҳои нақзи муқаррароти интихоботиро қатрае аз баҳр медонанд. Бино ба гузоришҳои онҳо, баъзе раъйдиҳандагон аз як ҳавза ба ҳавзаи дигар мерафтанд ва намунаҳое низ мушоҳида шудааст, ки масалан як нафар то даҳ бор раъй додааст.

Дар навори зер: Ашки шодии Путин



Либия Шибанова, раҳбари гурӯҳи нозирони мустақили интихоботии “Голос” мегӯяд, баъзе мақомоти расмӣ бо сӯистифода аз мақом ба кормандон ва зердастони худ дастур медоданд, ки ба нафъи номзади Кремл раъй диҳанд. Гурӯҳи "Голос" гузориш додааст, ки дар бораи риоят накардани қонуни интихобот ба онҳо бештар аз 5 ҳазор шикоят омадааст. Дар интихоботи порлумонии моҳи декабри соли гузашта 3 ҳазор шикоят расида буд.

Сергей Коблов, нозири интихоботӣ дар ҳавзаи Черёмушки мегӯяд, гурӯҳи бузурги раъйдиҳандагонро бо автобусҳо аз ҳавзаҳои интихоботии дигар меоварданд.

Оксана Дмитриева, муовини раиси Думаи давлатии Русия аз ҳизби чапгарои “Русияи боадолат” дар сафҳаи худ дар Twitter навиштааст, гурӯҳи вай чанд намунаро сабт кардааст, ки нозирон дар чанд ҳавзаи интихоботии Санкт-Петербург пеш аз шумориши оро ихроҷ карда шудаанд. Дар бораи шаллоқ задани чанд нафар аз рӯзноманигорон дар вилояти Маскав низ гузоришҳо вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG