Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоло муҳимтарин суол ин аст, ки президенти ояндаи Русия чӣ гуна сиёсатеро бо Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд.

Шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар шаш қитъаи интихоботӣ овози худро ба номзади мавриди назарашон ба сандуқҳо рехтанд.

Бо вуҷуди ҳавои сарду боронӣ афроди зиёде дар навбати гирифтани баргаи раъй дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе саф кашида буданд. Игор Лабузов, мудири бахши консулии сафорати Русия дар Душанбе ва муовини раиси Кумиссиюни интихоботӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ҳавзаи консулии мо бештар аз 10 ҳазор нафар раъйдиҳанда сабти ном шудааст. Афроди дигаре низ, ки дар рӯйхат ворид нашудаанд, барои раъйдиҳӣ меоянд. Албатта, теъдоди шаҳрвандони Русия дар ин ҷо хеле зиёдтар аз ин аст."

Бар изофаи низомиён ва шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ҳазорон тоҷик низ шаҳрвандии дугонаи Русия ва Тоҷикистонро дорад. Аксари ин шаҳрвандоне ҳам, ки тобеияти дугона доранд, аз ҷумлаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия мебошанд.

Ҳоло муҳимтарин суол ин аст, ки президенти ояндаи Русия чӣ гуна сиёсатеро бо Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд. Ин масъала аз он ҷиҳат бештар ҳассос аст, ки муносиботи Тоҷикистон ва Русия ҳаргиз ба гунаи имрӯз тира ва дучори сардӣ набудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ахиран бо василаҳои мухталифи мумкин, аз ҷумла аз забони сафири худ дар Маскав ва тавассути вазири умури хориҷии худ бо Владимир Путин, сарвазир ва номзади аслии интихоботи Русия изҳори алоқа ва муҳаббат кард.

Дар аксҳо: Раъйдиҳии шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон



Таҳлилгарон мегӯянд, ин ба он маъност, ки агар Путин барандаи интихобот шавад, дигар Путини чор соле пеш нахоҳад буд, махсусан дар масъалаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумлаи ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин.



Ибодуллои Оқилпур, таҳлилгари тоҷик ба ин назар аст, ки Путин баъди дубора ба курсии Кремл такя задан, дар назди раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шароити тоза хоҳад гузошт. Тибқи ин шароит, ин раҳбарон бояд мавзеъгирии худро дар сиёсати байналмилалӣ ва хоса муносибот бо Ғарб бештар возеҳ кунанд. Ҷаноби Оқилпур мегӯяд, "дигар ба ҳеҷ ваҷҳ Путин иҷоза намедиҳад, ки ҳамин пойгоҳҳо дар Манасу дар Хонободу дар Душанбе боқӣ монанд. Дар як суҳбаташ инро ошкор кард ва гуфт, "пусть господа не дождутся". Ман фикр намекунам, ки дигар иҷоза бидиҳад, ки дар ин ҷо худсарона кори худро пеш баранд. Чанд канал дорад Путин, ки метавонад Осиёи Миёнаро пахш кунад, аввал ҳамон муҳоҷирон ҳастанд ва дигар нақши иқтисодии он."

Дар акс: Мӯсо Асозода (аз тарафи чап) ва Шокирҷони Ҳаким

Дар акс: Мӯсо Асозода (аз тарафи чап) ва Шокирҷони Ҳаким

Тоҷикистон аз соли 2002-юм ба ин сӯ сиёсати дарҳои бозро пеша карда ва муносиботи худ бо кишварҳои ғарбӣ ва ҷаҳони исломро густариш додааст. Дар ҳоле, то соли 2000-ум Тоҷикистон бештар дар мадори Русия мечархид ва робитаи чандоне бо ҷаҳони боқӣ надошт. Баъд аз таҳаввулоти 11-уми сентябри Амрико ва ҳамлаи Эътилофи байналмилалии зидди террористӣ ба Афғонистон равобити Тоҷикистон бо Ғарб густриш пайдо кард ва Тоҷикистон яке аз шарикони муҳими мубориза бо терроризм барои Ғарб дар Афғонистон буд.

Мӯсо Асозода, раиси шуъбаи равобити байналмилалӣ дар Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ба ин осонӣ Тоҷикистон он чиро, ки дар барқарории робита бо ҷаҳони хориҷ ба даст овардааст, аз даст нахоҳад дод ва бозгашти Путин ин муносиботро қурбон нахоҳад кард. Вай гуфт, "албатта, баъди ин интихобот нақши Русия дар Осиёи Миёна тақвият мешавад. Аммо то он ҳадде не, ки боиси таъсиргузорӣ дар вазъи геополитикӣ ва муносиботи кишварҳои минтақа бо давлатҳои дигари абарқудрат шавад. Ман бовар дорам, ки кишварҳои минтақа истиқлоли сиёси худро, ки ҳоло доранд, ҳифз хоҳанд кард."

Аммо дар ҳар сурат, сокинони Тоҷикистон чӣ шаҳрванди Русия бошанд ва ё не бо таваҷҷӯҳи хосе таҳаввулот ва интихоботи Русияро дунбол мекунанд. Зеро камобеш 1,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд ва манбаи аслии таъмини хонаводаҳои Тоҷикистон пулест, ки ин муҳоҷирон интиқол мекунанд. Ин муҳоҷирон, ба бовари соҳибназарон, омили таъмини суботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон низ ҳастанд. Мақомоти раҳбарии Тоҷикистон бештар аз сокинони кишвар бо ҳаяҷон ё изтироб интизори натиҷаи интихоботи Русия ҳастанд. Ба он далел, ки интизор доранд, бидонанд, ки раисиҷумҳури нави Русия, агар он Путин бошад ва ё ҳар номзади дигаре, чи шароите дар баробари онҳо барои гармии дубораи равобит пеш хоҳад гузошт.

Аз бойгонии "Озодӣ": Интизориҳои тоҷикон аз "бозгашт"-и Путин

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG