Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия шумориши оро ба поёни худ наздик шудааст


Путин ҳангоми сипосгузорӣ ба ҷонибдоронаш
Путин ҳангоми сипосгузорӣ ба ҷонибдоронаш
Кумиссиюни марказии интихоботии Русия мегӯяд, ки бештар аз 90 дарсади орои райдиҳандагон шумурда шудааст ва нахуствазир Путин бештар аз 64 дарсад рай ба даст меорад.

Геннадий Зюганов-раҳбарии куммунистҳои Русия бо 17дарсад дар мақоми дуввум аст. Михаил Прохоров-соҳибкори сарватманд ва Владимир Жириновский-раҳбари ЛДПР 7 дарсадӣ ва Сергей Миронов-раиси Ҳизби “Справедливая Россия” камтар аз 3,67 дарсад рай гирифтаанд.

Шумориши оро дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба поён нарасидааст. Бино ба гузориши нозирони мустақили интихоботӣ нақзи қонунҳои интихоботӣ дар ин ду шаҳр бештар ба мушоҳида расидааст. Путин дар шаҳри Маскав тақрибан 50 дарсад рай гирифтааст, ки камтар аз шаҳрҳову вилоятҳои дигари Русия мебошад.

Дар Чеченистон ба ҷонибдорӣ аз Путин 99,8 дарсад рай додаанд. Нозирони мустақили интихоботӣ бо такя ба арқоми худ мегӯянд, Путин дар асл каме бештар аз 50 дарсад рай гирифтааст.
XS
SM
MD
LG