Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости СММ аз ФИФА дар мавриди манъи ҳиҷоб


Тими занонаи Афғонистон беҳиҷоб бозӣ мекунад (Акс аз бойгонӣ)
Тими занонаи Афғонистон беҳиҷоб бозӣ мекунад (Акс аз бойгонӣ)
СММ аз ФИФА даъват кард, ки қарори манъи пӯшидани ҳиҷоб барои занони футболбозро лағв кунад. СММ дар номае ба президенти Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол Зепп Блаттер гуфт, лағви ин қарор ба ҳамагон ҳаққи бозии футболро хоҳад дод.
Интизор меравад, ноиби президенти ФИФА Алӣ Ҳусейн аз Урдун, ки маъракаи зидди манъи ҳиҷобро ба роҳ андохтааст, рӯзи 3 март ин мавзӯъро дар ниҳоди ҳуқуқии ФИФА матраҳ кунад.
Пӯшидани ҳиҷоб дар бозиҳои футбол 5 сол пеш манъ шуда буд. Тими занонаи Эрон соли гузашта аз бозӣ бо Урдун барои роҳхати Бозиҳои олимпӣ даст кашид, чунки бозигаронаш нахостанд, бидуни ҳиҷоб ба майдон бароянд.
XS
SM
MD
LG