Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори вазорати хориҷаи Амрико ба Покистон


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба Покистон ҳушдор дод, ки агар кор роҷеъ ба тарҳи бунёди лулаи газ бо Эронро пеш барад, имкон дорад ба пайомадҳои “харобиовар” дучор шавад. Рӯзи чаҳоршанбе хонум Клинтон ин нуктаро дар ҷаласаи зеркумитаи маҷлиси Намояндагони конгресси Амрико дар Вашингтон изҳор дошт.

Клинтон гуфт, Амрико Покистонро бо миллиардҳо доллар сармоягузорӣ дар як сол ташвиқ мекард, ки лулаи мушобеҳ аз Туркманистон ба Афғонистон ва Покистону Ҳиндустонро ҷонибдорӣ кунад.

Бино ба гузоришҳо, Эрон барои тарҳи ин лулаи газ ба Покистон 250 миллион доллар пешниҳод кардааст. Як ҳафта пеш мақомоти Покистон гуфтанд, ки Эрон хостори воридоти ғалла аз Покистон шудааст.

Ҳоло Эрон барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаии худ мавриди таҳримҳои шадиди Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG