Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон, гол!" Нидои мухлисони футбол дар Хуҷанд


Садҳо мухлиси бозии футбол натавонистанд ба майдони "20- солагии истиқлолияти Тоҷикистон", ки дар он ҷо бозии миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад, роҳ ёбанд.

Аз соати 7-и субҳ роҳҳои асосии канори майдон барои ҳаракати нақлиёт бастааст ва садҳо маъмурони пулис ва амниятӣ вазъро назорат мекунанд.

Дар миёни мухлисон занону духтарон ҳам ба чашм мерасанд. Бархе дар даст парчами Тоҷикистонро доранд. Нидои "Тоҷикистон – ғалаба!", "Тоҷикистон, гол!" низ дар майдон ба гӯш мерасад.

Ду марди миёнсол дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло аз шаҳри Исфара ба тамошои футбол омадаанд ва умедвори дидани голи дастаи Тоҷикистон ҳастанд. Як мухлиси футбол, ки худро ба парчами Тоҷикистон печида буд ва худро Зариф муаррифӣ кард, гуфт, вай соҳибкор аст ва имрӯз ба хотири дидани бозӣ кори худро канор гузоштааст.

Аз ин пеш, Камол Алиспоҳич, сармураббии дастаи милли футболи Тоҷикистон гуфт, бовар дорад, даста дар бозӣ бо дастаи Кореяи Шимолӣ натиҷаи хуб ба даст хоҳад овард. Вай гуфт, дастааш барои ин бозӣ омодааст ва натиҷаи хубе ба даст хоҳад овард. Ӯ илова кард, ки натиҷаи ин бозӣ барояш ба унвони сармураббии нави даста як озмоише хоҳад буд. Маҳмадалӣ Содиқов, сардори дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон низ гуфт, ҳамдастаҳояш ба умеди пирӯзӣ ба майдон хоҳанд баромад.

Пак Нам Чо, аз бозингарони дастаи мунтахаби футболи Кореяи Шимолӣ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ҳарчанд бидуни натиҷаи ин бозӣ низ ҳар ду тим дар гурӯҳи худ ҷойҳои 3 ва 4-ро гирифта, дигар аз идомаи иштирок дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 маҳрум шудаанд, аммо барои пирӯзӣ ва шод кардани мухлисони худ мубориза хоҳанд кард.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ қабл аз бозии ниҳоии худ дар гурӯҳи "С" рӯзи 28-уми феврал дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд тамрин карданд.

Юн Ҷонг Су, сармураббии дастаи Кореяи Шимолӣ гуфт, варзишгоҳи Хуҷанд ба сурати умум барои бозии чунин сатҳ омода аст. Вай гуфт, футболбозони дастааш аз бозии аввал комилан фарқ мекунад ва тақрибан 80 дарсад ҷавон шудааст. Ӯ афзуд, аз пазироӣ ва меҳмондории тоҷикон шод аст ва шароити будубош ва тамрини хуб барояшон омода карда шудааст.

Бозии аввали дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ 6-уми сентябри соли гузашта дар шаҳри Пхенян, пойхтахти Кореяи Шимолӣ, бо ҳисоби 1 бар 0 бар нафъи соҳибони майдон анҷом ёфта буд. Инак, бозии дуюми онҳо рӯзи 29-уми феврал соати 13 дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд оғоз меёбад.

XS
SM
MD
LG